Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ

 

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан хоинони Ватан ва миллат ҳисобида

мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами мо дар суханронии худ  26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин ибрози андеша доштанд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан-Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад ».

Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони Ватану миллат номидан мумкин аст? Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини Ватану миллат дар чист?

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад.Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд.Хулоса, омадани онҳо ва ѓалабаи онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо ва нобудии миллати мо мебошад! Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амали шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини Ватан ва хоини миллат мешавад!

Албата, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо илова

бар ин, бо сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини Ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд.Ин аст, масъалаи хиёнат ба Ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон. Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.

Барои фаҳмидани чи қадар аз таълимоти исломӣ фарқ доштани ақидаи ифротгароёни динӣ чанд мисол меорам:

Масалан, дар чанд соли ҳукумати гурӯҳи ифротгарои «Толибон» дар Афѓонистон ҳамаи ҷаҳон шоҳид буд, ки ин гурӯҳ нисбат ба илму фарҳанг, мактабу маориф, занону духтарон ва умуман, нисбат бо ҷомеа чӣ амалҳои даҳшатнокеро раво диданд.Дар ҳоле, ки ислом илму маърифатро тарѓиб мекунад ва Пайѓамбари ислом худро бо ифтихор «муаллим» номида буданд, гурӯҳи ифротгарои «Толибон» баробари ишѓол намудани қудрат тамоми мактабҳо ва донишгоҳҳои Афѓонистонро бастанд.Онҳо занонро, ҳатто аз ҳуқуқи ба куча баромадан маҳрум карда,кишварро ба як зиндони калон табдил доданд; агар соли гузашта мо аз як ҳодисаи сангсору оташ задании духтари бегуноҳ Фархунда дар шаҳри Кобул даҳшатзада шуда бошем, чанд сол пештар дар замони ҳукумати «Толибон» чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз бо қарори расмии додгоҳи шариатии «Толибон» сурат мегирифт.

Дар охир аз ходимони дин,  аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолону шахсони соҳибэҳтиром даъват ба амал меорам, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мазҳабии худ камари ҳиммат банданд ва дар муқовимат бо афкори экстремистӣ- террористии «Салафия» ки аз тарафи ташкилотҳо ва давлатҳои алоҳидаи моҷароҷӯй пуштибонӣ меёбад, муташаккилона мубориза баранд, зеро бетарафӣ ва бешарафӣ дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ аз тарафи фарзандону наберагони мо ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад  шуд.

 

Ҷамолиддин  Файзалӣ, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин