Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИЛМ ВА ДОНИШ

 

Неъмати илм ва дониш ва огоҳи ёфтан аз фароз ва нишеб ва таҳаввулоти замон, аз неъматҳои пурарзиш ва арзандаи Худованд бар Паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми биъсат мебошад. Ончунон неъмате, ки инсон ба тавассути он метавонад зулматҳои ҷаҳлу бефарҳангиро ба иртиқои илм ва фарҳанги асил табдил намояд.

Аз бадави рӯёруии ҳақ ва ботил мудом ҳақ ва пайравонаш мавриди таҳоҷуми афкор ва андешаҳои ботил ва ҳамалоти фикрии мухолифин буда ва мебошанд. Албатта тактикаҳои бархурдӣ дар ҳар давра ва асре мутобиқ бо боварҳои иҷтимоъӣ, мутафовит будааст. Тарфандҳои душманон бо авқот тавре тарроҳи гашта ва мегардад, ки инсонҳои соф ва бе ғараз ҳам таҳти таъсири шиъорҳои онон қарор гирифта ва бидуни он, ки ҳадафи хоссеро дунбол кунанд, бе ҷиҳат боиси ҳимоят аз ҳаракатҳои душманон хоҳанд гардид.

Ҳангоме, ки Абдуллоҳ ибни Убай ( саркардаи мунофиқин дар садри ислом), модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу ъанҳоро туҳмат зада бар соҳаи муқаддаси эшон ҳамла намуд, ногаҳон бархе аз муъминин таҳти таъсири таблиғоти сӯи вай қарор гирифта бо муҷриёни ин нақшаи шум ҳамсадо гардиданд. 

Оре душманони доно ва зирак аз чунин мавқеъиятҳое сӯистифода намуда ва баҳраҳои фаровоне хоҳанд бурд. Ба ҳамин хотир мудом саъяшон бар ин аст, ки дар фурсатҳои муносиб ва ҳассос, нақшаҳои шуми хешро пиёда созанд. Ва чи ҷурму ҷиноётеро нест, ки барои расидан ба аҳдофи шум ва касифашон амали накунанд. Абдуллоҳ ибни Сабо, ки яке аз муассисини мазҳаби шиъа мебошад, дар замони худ барои эҷоди тафриқа миёни муслимин аз чи ҳилаву найранге набуд то дар интишор намудани ақидаи ботил ва муғризонаи худ кор нагирад. Ва имрӯзҳо ҳам дар гушаву канори олам тарбиятёфтагони ин мактаби ботил таблиғоти худро доранд густарда анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар ватани азизи мову шумо, ки аз чашм пушида намемонад, ба мисли пайравони онҳо ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, ки шоми сездаҳуми моҳи равон дар телевизиони Тоҷикистон барномае, ки таҳти унвони БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ мунташир гардид ва дар тули барнома иқрори яке аз муассисини ин ҳизб бо номи Сатторов Айёмиддин дар солҳои навадуми қарни гузашта то имрӯзро  мушоҳида карда ва шунидем, ки аъзо ва саркардагони ин ҳизб  ба чи ҷурму ҷиноёти сахту сангине даст задаанд ва даст задани буданд ва чи нақшаҳои нопоке барои ин миллати азизи мову шумо мекашиданд аммо Худованд макри онҳоро ошкор сохт чигунае, ки Худованд худ мефармояд:

«Нақша кашиданд ва Худованд чораҷӯи кард ва Худованд беҳтарини чораҷӯён аст».

Акнун, хиёнатҳои ин гурӯҳ бармало гардид, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷиноёти ин ҳизб огоҳ гардиданд акнун дигар ҳеҷ ҷои шубҳа боқи намондааст, ки ин ҳизб ҳизби исломи неву балки як ҳизби аз номи поки ислом сӯйистифодакунанда барои расидан ба аҳдофи шуми худ будааст.

Дар охир инро қайд карданиам, ки дар адвори таърих ҷиноёти ҳеҷ гуруҳ ва ҳизбе ё шахсияте нисбат ба ватану миллати худ агарчи ба тамоми мардуми саёра бошад ба пинҳони намондааст ва намемонад, он рӯзе фаро мерасад, ки хиёнат фиреб дуруғ ва ҳар амали разилонае, ки набошад бармалову ошкор мегардад.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи ш. Шоҳин Ашурзода А

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин