Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А И

 

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А И

Соҳибкорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати истиқболи шоистаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамдиёрони арҷуманд!

 

Барои миллати тоҷик ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишмандтарин ва бебаҳотарин санаи таърихист. Аз ин рӯ ҷашни сазовори ин санаи тақдирсозро барои худ қарзи имонӣ ва виҷдонӣ медонем.

Даъвату ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар, ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни фархунда ба қадри қудрату тавоноии хеш ҳиссагузор бошем. Ҳамчун пайрави Пешвои ободгари худ баҳри ободию шукуфоии хонаи худ, куча, деҳа ва ҷамоати худ пайваста дар ҷаҳду талош бошем.

Имсол, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин пешниҳод бод иди нав назар андозем. Шумораи сайёҳони хориҷӣ сол ба сол меафзояд. Табияти афсункори мо онҳоро мафтуни худ намудаасту аз тамоми он лаззат мебаранд, аммо оё мо қабули чунин шумораи зиёди сайёҳон омодаем? Албата не!

Мебинем, ки сайёҳи дучархасаворе ҷойи буду бош наёфта, зери харсанг ё буттазоре хайма зада шаб рӯз мекунад. Ин нишонаи он аст, ки мо ба қабули меҳмонон омода нестем ва тарзи қабули меҳмононро ба таври бояду шояд наомӯхтаем.

Истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин ҷашни фархунда бо тайёрии комил ва диди нав назар андозем. Дар ҳар   куча, деҳа, маркази ҷамоатҳову шаҳраку деҳаи худ аз баракати истиқлол инчунин фархундаву муборакқадам як навгоние ворид намоем. Ҳар як навгонӣ дар хурдтарин деҳа ин ҷилои истиқлоли вата наст, ки Офаридгор барои мо арзонӣ доштааст. Маҳз бо нияти муроҷиати моро хуш мепазиранд.

Аз ин хотир мо соҳибкорони ноҳияи Шамсиддин шоҳин тасмим гирифтаем, ки ҳамин сол қад-қади шоҳроҳ, ки аз маркази ноҳия мегузарад, иншооти таъиноти қабулу гусели сайёҳонро бо муҳайё намудани тамоми шароитҳои буду бош, сохта мавриди истифода қарор диҳем ва дар оянда бо ҳам ин амали худро тақвият бахшем, зеро сайёҳ ба ғайр аз тамошои манзараҳои зебою нотакрори Тоҷикистони азиз, ба зисту зиндагӣ, тарзи муносибату фарҳанг ва расму оини миллии мо мароқ зоҳир намоянд.

Аз ин рӯ аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки баҳри шукуфоии кишвари маҳбуб ҷони худ, дороию давлату савлати худро дареғ надоранд. То ҷашни бошукуҳи 30 солагии Истиқлолияти давлатии меҳани азиз дар ҳар маҳаллу куча, хона ва шаҳру деҳот як навгоние ба назар рассад. Ба хубӣ ба оламиён нишон дода тавонем, ки миллати тоҷик аз азал созандаю бунёдкор буд ва то абад чунин хоҳад монд.

Муроҷиатнома дар маҷлиси васеи соҳибкорони ноҳия қабул гардидааст.

Фонди рушди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Суроға: Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Шӯрообод

С/ҳ 26202972400661465000

С/м (К/с) 20402972313264

ИНН 250000084

МФО 350101626

Бонк: Филиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк №65

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин