Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД

 

Дар нимсолаи аввали соли 2018 суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 111,1 фоиз, кишоварзӣ 100,5 фоиз, ҳаҷми савдои чакана 108,4 фоиз таъмин карда шудааст, ки барои таъмини пешрафти устувори иқтисодии ноҳия замина гузошта шуда истодааст. Зикр кард раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Почохон Зарифзода зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорон рӯзи 3 августи соли 2018.

         Зикр гардид, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 110 фоиз иҷро ва ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи пешбининамуда 365842 сомонӣ зиёд маблағ ворид шуд. Дар ин давра баҳри рушди соҳибкорӣ дар ҳамкори бо соҳибкорони ватанӣ аз ноҳия ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди рушди соҳибкорӣ ва як қатор ташкилотҳои сармоягузорӣ 21 лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод карда шудааст, ки дар ҳолати дастгирӣ қарор доранд. Ҳамчунин дар ин давра дар ноҳия сохтмони 37 адад биною иншоотҳои муҳими ноҳиявӣ идома ёфта, сохтмони ду иншоот корхонаи дӯзандагӣ ва коркарди мева барои 100 ҷойи корӣ ва бинои маркази хизматрасонии хуроки умум ва меҳмонхона барои қабули меҳмонону сайёҳон ба маблағи умумии 4,33 милион сомонӣ ба итмом расонида шуд.

Ҳамчунин раиси ноҳия зимни суханронӣ аз пешравиҳои соҳаи маорифу фарҳанг изҳори андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба имконияти молиявии буҷети маҳаллию дастгирии волидон 13 муассисаи таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд, ки маблағи умумии хароҷотҳо барои таъмир дар ин муассисаҳо 64900 сомониро ташкил медиҳад. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври вилоятии озмунҳои фаннӣ соҳиби 9 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм) гардидаанд. Айни ҳол аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони қасри фарҳанги ноҳия идома дошта, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Бо мақсади эълон гардидани соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати тараққӣ додани ин соҳаи ҳаётан муҳим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бобати муҳаррифии мавзеҳои сайёҳии ноҳия дар шабакаҳои интернетӣ хатсайри сайёҳии Эмом-ал-Аскарӣ ва мамнуъгоҳи Даштиҷум ҷой дода шуда, дар ноҳия 2820 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд зикр намуд раиси ноҳия

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин