Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Рӯзи 21.07.2018 раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  дар доираи рӯзҳои қабули сайёри шаҳрвандон, ба ноҳияи   Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, аз шароити вазъи феълӣ ва вазъи зисту зиндагии сокинони ноҳия, инчунин риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шиносоӣ пайдо намуд. Дар вохӯрии имрӯза ба раиси вилоят аз тарафи сокинони ноҳия аз ҷумла сокини деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Шӯробод Тағаймурод Олимов ба хотир рушди корхонаи истеҳсолиаш, ки барои омода кардани маҳсулоти зира нигаронида шудааст, дархости аз бонкҳо гирифтани қарзи имтиёзнок, сокини деҳаи Чагами Ҷамоати деҳоти Чагам Абдусаттор Боронов, ба сифати  раиси Ассотсиатсияи   волидону омӯзгорони мактаби деҳа, барои бунёди бинои нави мактаб дар деҳаи Чагам, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов  Қурбон Шарифов барои кушодани бозори наздисарҳадии деҳаи Шоҳон, Муродалӣ Одиназода, аз деҳаи Хавзаи Ҷамоати деҳоти Лангардара, барои кашидани хати барқ ба деҳаи мазкур, сокини маркази ноҳия С. Худойбахшов аз набудани бозор дар маркази ноҳия, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷамолиддин Файзалӣ ҷиҳати анҷом додани сохтмони бинои хизматчиёни давлатӣ бо савол муроҷиат намуданд, ки мавсуф ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

  Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар поёни кори қабули шаҳрвандон, аз вазъи имрӯзаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар тулии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои зиёд ноил гардида бошад ҳам,   мушкилотҳо ҳануз ҳам чашмрасанд. Инчунин раиси вилоят аз дуруст ҷамоварӣ нашудани эму хошок барои зимистони имсола, инчунин таъмини ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба хӯроки чорво изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулин даъват оварда шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои қатъи андешанд. Дар охир раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмаҳмадзода аз иштирокдорону фаъолони ноҳия хоҳиш намуданд, ки онҳо ҷашни дар пеш истодаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро бо дастовезҳои шоёни меҳнатӣ, истиқбол намоянд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин