Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИМРӮЗИ ШОҲИН

 

   Ба ростӣ ҳама рӯзи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зебост. Халқи меҳнатқаринаш бошад дойимо дар такопу ва пайи ободии ин сарзамин маҳбуб дар талош. Ниҳоят табиати фиребо ва инсонҳои наҷибу шоистае дорад.

        Мардуми ин диёр ҳамеша дар такопо баҳри ободии ин гӯшаи диёр астанд. Сокинон ҳамаи ин ободиву шукуфоии ин диёрро аз самараи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд. Ба ростӣ дар куҳтотарин муддат як ноҳияи дурдасти кишвар, ки чанд соле қабл рустоеро мемонд ба кули симои худро тағйир додаву ба як ҷойи диданибоб мубадал гаштааст. Қомат афрохтани чандин бинову иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ, аз навсозии роҳи байналмилаллии Кӯлоб-Қалъаи хумб қитъаи Шӯрообод-Шоҳон аз зумраи он сохтмонҳое мебошанд, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ сохта ба хизмати мардум супорида шудаанд. Ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Мардуми шарафманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин худро ҳамеша пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста дар рушту нумуи кишвари азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд. Ҳамин аст, ки ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода бурда, баҳри ободиву сарсабзии ин диёри нозанин ҷидду ҷаҳд менамоянд.

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин