Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳунарҳои мардумӣ эҳё шудаву рушд намуда истодаанд

 

Маълум аст, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Аз ҳамин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз 22.12.2017) соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ҳошияи ин Паём дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои равнақу ривоҷи  ҳунарҳои мардумӣ дар маркази ноҳия ва  дар марказҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия  бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло  марказҳои  рушди ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфтанд.

      Вобаста ба ин аз тарафи шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия  ҷиҳати тарғибу ташвиқ  ва омӯзонондани  ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чакандӯзӣ, чодардӯзӣ ва корҳои дуредгарӣ ба роҳ монда шудааст, ки то ин муддат  190 нафар занону духтарон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.   Аз ин теъдод 150 нафар курсҳоро хатм намуда, ба корҳои хонагӣ машғул мебошанд. Дар Ҷамоати деҳоти Доғистон  бо сарварии Исоева Моҳбӣ ва  Мирзоева Қурбонбӣ басо фаъоланд.   Таҳти  роҳбарии ин ду  ҳунарманду кадбонуи чирадаст  45 нафар занони хонанишину духтарон ба дўхтани намудҳои ҳархелаи чакандӯзӣ  ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов 15 нафар занону духтарон ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд. Айни ҳол дар се ҷамоати деҳоти ноҳия Шӯрообод, Доғистон, Саричашма ва ба номи Нуриддин Маҳмудов марказҳои ҳунарҳои мардумӣ кушода шуда, занону духтарони ҳунарманди ин ҷамотатҳои деҳот ба кор ҷалб карда шуданд. Ва бояд гуфт, ки алакай маҳсули ҳунари ин ҳунармандони ноҳия бахусус чакандӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори худро пайдо намудааст. Зеро занони ҳунарманди ноҳия дар чандин чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва пойитахти кишвар шаҳри Душанбе иштирок намуда, маҳсули ҳунари худро пешкаши тамошобинон намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин