Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

 

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо байни деҳаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футбол баргузор карда шуд. Дар ин мусобиқа наздики 20 даста дар чор гуруҳ бо ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар мусобиқаи чорякниҳои дастаҳои деҳаҳои Хоҷағалтон бо Навобод бозӣ намуд, ки дар ин бозӣ дастаи Навобод Хоҷағалтонро ба ҳисоби 4:1 шикаст дода ба финали бозӣ роҳ ёфт. Ҳамчунин дастаҳои Себдара бо Шӯрообод ба сабқат баромада Себдара дастаи Шӯроободро ба ҳисоби 3:1 шикаст дод. Барои гирифтани ҷои сеюми мусобиқа дастаҳои Хоҷағалтон ва Шӯрообод вориди майдон шуда, бозӣ бисёрҳам пуршиддат ҷараён гирифт, ки он ба вақти иловагӣ ва аз он ба додани ёздаҳметра анҷом ёфта, дастаи Шӯрообод Хоҷағалтонро бо тариқи задании ёздаҳметра бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Рӯзи 15.07.2018 барои гирифтани ҷойи якуми мусобиқот дастаҳои Навобод ва Себдара бо иштироки ҳазорон мухлисон вориди майдон гардида, бозии ҷаззобу диданибоб доир намуданд. Дар ин бозӣ дастаи футболбозони деҳаи Навобод маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар ҳама ҳолат пешсафи мусобиқаи имрӯза буданд. Маҳз ҳамин чобукиву тактикаи бозии онҳо буд, ки дастаи Себдараро бо ҳисоби калони 4:1 шикаст дода ғолиби мусобиқа эълон гардиданд. Ба гуфти мутахассисон мусобиқаи имсола аз ҳарсола дида беҳтару хубтар ҷараён гирифта дар он дастаҳо бо тайёрии хуб вориди майдон шуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин