Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗОНИ МИЛЛАТ

 

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти комил ба даст овардан зери сарварии хирадмандонаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон диққати аввалиндараҷа зоир намуда, вобаста ба он чандин барномаҳову стратегияҳо қабул намуданд. Яке аз дастгириҳои муҳимтарини роҳбарияти олии мамлакат ин ҷалби ҷавонон ба илму касбомӯзӣ ба ҳисоб рафта, ба ин васила аз соли 1997 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонони деҳоти ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст, ки ҳар сол садҳо нафар ҷавонони хуштолеи даврони истиқлол аз ин неъмати бебаҳо бархурдор шудаву ба донишгоҳву донишкадаҳои олии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ чун дигар ҷавонони хуштолеи мамлакат аз ин дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат пайваста бархурдор буда, аз соли 1997 то инҷониб зиёда аз 300 нафар ҷавонони ноҳия ба донишгоҳву донишкадаҳои олии мамлакат қабул гардидаанд, ки қисмате аз онҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ дар ноҳия ва берун аз он кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Вобаста ба ин рӯзи 4 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Почохон Зарифзода бо донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда баргузор карда шуд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат доир ба самти ҷавонон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан ҷавононро ҳамчун сипари боэътимоди кишвар дониста баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон, инчунин дастгириҳои ҷавонони лаёқатманд чандин Барномаҳову стратегияҳои муҳими давлатиро қабул намуд, ки яке аз онҳо тариқи квотаи президентӣ дохил намудани ҷавондухтарону писарони болаёқати ноҳияҳои дурдасти кишвар ба донишгоҳву донишкадаҳои олии мамлакат мебошад. Қайд карда шуд, ки то ба имрӯз зиёда аз 300 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳву донишкадаҳои олии кишвар қабул гардиданд ва имрӯз қисмате аз онҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият намуда истодаанд.

Ҳамчунин раиси ноҳия аз пешрафту тараққиёти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар даврони истиқлолият ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар ин муддат ноҳияи мо низ баробари дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои худро ба кули тагйир дода, ба пешравиҳои муҳим ноҳил гардидааст. Дар ин муддат дар ноҳия чандин муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, маишиву тандурустӣ қомат афрохта, роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаи хумб қитъаи Шӯрообод-Шоҳон сохта ба истифода дода шуд.

Дар охири вохӯрӣ хатмкардаи Донишноҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ факултети рӯзноманигорӣ Умедаи Ҷалил ба сухан баромада изҳори миннатдории худро ба Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои дастгирии ҳамешагиашон бобати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон иброз намуда, зикр намуданд, ки банда соли 2012 тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳи мазкур дохил шудам ва худи имсол онро бо муваффақият ба итмом расонидам. Ва инак тули чор рӯз мешавад, к ибо дастгирии раиси муҳтарам иҷрокунандаи сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими Терай» ба кор шуруъ намудам ва ваъда медиҳам, ки баҳри пешрафту шукуфоии диёри азизамон аз дилу ҷон хизмат менамоям.

Ва бояд хотирнишон намуд, ки дар ин рӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба донишҷӯёни мазкур кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин