Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АЗ БУНЁДИ СУЛҲ ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, 
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мардуми сарбаланди тоҷик фаромӯш накардаанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ зиёну талафоти калони моливу ҷонӣ дида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ ва дучори буҳрон гардида буд. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ талошҳои пайгиронаи Президенти маҳбубамон, ки аз минбари Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд, сулҳу ваҳдатро ба сарзамини тоҷикон ҳамчун дастоварди бебаҳои таърих ба армуғон овард.
Бояд гуфт, ки дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳти раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат нақши мақомоти прокуратура, ки ташаккули он ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад, назаррас мебошад. Бо касби Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии  фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян шаванд. 
Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, Сарвари давлат, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намуда, алайҳи ҷинояткорӣ мубориза бурданд. Дар ёд дорем, ки замони печидагиҳои вазъи сиёсиву низомӣ дар мамлакат куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, гурӯҳҳои силоҳбадаст  минтақаҳои кишварро байни  худ тақсим  карда буданд. Дар чунин вазъ, фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон на дар ҷои кор ва на дар ҷои зист таъмин набуд. Қатли аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва ронандаи ӯ аз ҷониби ҷинояткорон рӯзи 24 августи соли 1992 дар ҳамин гуна вазъият ба амал омада буд.
Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум ва таъсиси Ҳукумати қонунӣ вазъият ранги дигар гирифт. Дар муддати кӯтоҳ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор шуда, кормандон ба ҷойҳои кории худ баргашта, муборизаи оштинопазирро бо гурӯҳҳои ҷинояткор оғоз намуданд. Яке аз талаботи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон, дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра тафтиш ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 
Бо мақсади иҷрои ин амри Сарвари давлат дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ дар ҳайати 250 нафар корманди  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис ёфт. Аз ҷониби ситод садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбат ба чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби  гурӯҳҳои ҷинояткор  содир шуда буданд, мавриди пайгирӣ ва тафтиш қарор дода шуданд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки он замон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт, дар доираи иҷроияи Фармони Президенти мамлакат аз декабри соли 1994 «Дар бораи  ихтиёран супурдан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ»  халъи силоҳ кардани аҳолии мамлакат буд. Зеро давраи баъдиҷангӣ  дар дасти аҳолӣ  ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша  миқдори зиёди силоҳи оташфишон  қарор дошта, оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард.
Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид. Маҳз ҳамин гуна тасмимҳои дурбинонаву оқилонаи Сарвари давлат буд, ки айни ҳол Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  аз лиҳози бехатарӣ барои шаҳрвандон дар яке аз ҷойҳои аввал қарор дорад. 
Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, сол ба сол ободу зеботар мегардад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иқдомотеро амалӣ месозад, ки на танҳо ба нафъи мо, балки тамоми мардуми сайёра аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон, тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. 
Албатта, дар сатҳи ҷаҳон эътироф ва шинохти аҳамияти ташаббусҳои беназири Пешвои миллат, ки ба касби мақоми шоистаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ мусоидат кардааст, дар баробари ифтихору сарфарозӣ аз ҳар як узви ҷомеа масъулиятҳо низ тақозо мешавад. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мо бояд дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ки асоси муваффақиятҳои мост, фаъолнокии бештар зоҳир намуда, дар татбиқи ҳадафҳои ояндасози Пешвои миллат иқдомоти бештар ба харҷ диҳем.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин