Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДАСТИ ДУО

 

Ба лутфу марҳамати Парвардигори олам ва дастгирии аксарияти мардуми шарифи тоҷик моро сарваре насиб гардид, ки ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хотима бахшида, миллати парокандаамонро сафу ҷамъ намуд.

Ба ёд оварем рӯзҳоеро, ки гурезагони мо дар Афғонистони ҷангзада чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронданд. Ва дар чунин рӯзҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷуръату шаҳомати хос гуфт: «То даме, ки як гурезаи тоҷик дар Афғонистон аст, маро хоб намебарад». Сафар ба Афғонистон кори басо хатарнок буд, вале Эмомалӣ Раҳмон ҷон бар кафи даст, ба он ҷо сафар кард ва, билохира, гурезагони тоҷикро ба Ватан баргардонд. Дар ин амал барномаи радиоии «Хоки Ватан», ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, нақши муҳиме бозид.
Кас он рӯзҳо сӯзу гудози гурезагонро аз радио шунида бетараф намемонд. Рубоиҳои халқие, ки аз меҳру муҳаббати мардум нисбат ба Ватан саршор буданд, ҳар гурезаро барои баргаштан ба Ватан рӯҳбаланд мекарданд. Он рӯзҳо аз радио рубоии: 
Чашмам зи фироқ дам ба дам мегиряд,
Аз фарқи сарам то ба қадам мегиряд.
Мегиряму зор менависам ба қалам,
Аз гиряи зори ман қалам мегиряд.
такрор ба такрор шунавонда мешуд. Ин рубоӣ ҳар ватангумкардаро ба Ватан меовард.
Аммо дар асл сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сабаб гашт, ки гурезагон ба Ватан бо хотири ҷамъ баргарданд. Меҳри Ватану ватандорӣ дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ғоят самимона ифода гардидааст. Ӯ нисбат ба ятимон, бепарасторон ва маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Масалан, гуфта буданд: «То даме ман зиндаам, ягон ятими бепарастор намемонад». Чунин ғамхориҳои падаронаро нисбат ба ятимон дар таърихи давлатдории тоҷикон ягон шоҳу шоҳаншоҳ ба ҷо наовардааст. Рӯзгор ва таълиму тарбияи ятимон ҳамеша зери назари ӯ қарор доранд. 
Дар яке аз мулоқотҳояшон бо мардуми Рашт, пирони рӯзгордида гуфтанд: «Эмомалии Раҳмон, Шумо Президенти якумраи мо ҳастед». Бубинед, муҳаббати мардумро нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон. Мардуми одию заҳматкаш риёкорӣ, дурӯягӣ ва чоплусиро дӯст намедоранд. Онҳо садоқату вафодориашонро аз таҳти дил ба таври ошкоро баён месозанд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар қалби хурду бузурги мардуми тоҷик нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон муҳаббати самимона ҷой дорад. 
Салоҳиддин ФАТҲУЛЛОЕВ, фолклоршинос

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин