Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЗАРУРАТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАРОИТИ МУРАККАБИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

 

Нақши интернет дар татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ин замина матраҳ сохтани масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ масъалаи басо мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Интернет дар ҳаёти муосири мо нақши калидӣ бозида, пайваста тарзи муошират, кору фаъолият ва сабки фароғату истироҳати моро ба таври назаррас тағйир медиҳад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини истифодаи интернет шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳоло онҳо ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳамарӯзаи миллионҳо одамони тамоми ҷаҳон табдил ёфтаанд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ платформаи табодули иттилоот, коммуникатсия, муошират ва ҳамкорӣ мебошанд. Онҳо ба пайванд ва нигоҳ доштани робитаҳои байни одамон кумак расонида, дастрасӣ ба мазмуну мундариҷаи маводҳо ва хизматрасониҳои гуногунро таъмин месозанд. Интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ин раванд буда, пайвасти саросарӣ ва дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро аз ҳар як гӯшаи ҷаҳон таъмин менамояд.
Аммо маъруфияти афзояндаи шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти масъалаҳои амнияти иттилоотиро низ афзоиш медиҳад. Ҳар рӯз таҳдидҳои нав, аз қабили ҳамлаҳои киберӣ, ҳакерӣ, фишинг ва дигар намудҳои қаллобии интернетӣ зуҳур меёбанд. Ҳифзи маълумоти шахсӣ, махфият ва маълумоти хусусии корбарон ба ташвиши рӯзафзун табдил меёбад.
Интернет дар таъмини амнияти иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Он афзорҳо ва технологияҳоро барои ҳифзи маълумот, аутентификатсияи корбарон, рамзгузории алоқа ва мониторинги фаъолият таъмин мекунад. Ба шарофати ин воситаҳо бехатарии корбарон ва амнияти маълумоти шахсии онҳо таъмин карда мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ омили асосии пайвастани гуруҳҳои гуногун, хусусан, ҷавонон ба радифи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ гардидаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳоло дар кишвар шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,5 миллион расидааст. Гузашта аз ин, наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишваранд.
Бар пояи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 185 ҷинояти киберӣ сатб шудааст. Асосан, ҷиноятҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар аъзои гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ мебошанд, содир кардаанд. Онҳо тариқи интернет маълумоти бардурӯғ, ифротӣ ва иғвоангезонаро паҳн карда, мехостанд бо ин роҳ ба амнияти кишвар халал ворид намоянд.
Дар ҳамин робита, ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 17 ҷинояти киберӣ ва 500 ҷинояти дигар бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир шудааст.
Аз оморҳои овардашуда бармеояд, ки кишвари мо низ ба хатари амнияти иттилоотӣ рӯбарӯст.
Масъалаи пайвастани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, ки барои пешгирии чунин раванд андешидани тадбирҳои огоҳона бамаврид ва саривақтӣ аст. Дигар ин ки, фазои маҷозӣ марзҳоро намешиносад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои давлатҳое, ки фарҳангу одат ва арзишҳои миллии худро доранд, шабакаҳои иҷтимоӣ омиле мегарданд, ки ба ин арзишҳо ҳар гуна таҳдидҳо ба вуҷуд оянд. Имрӯз мушоҳида мегардад, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун «неруи нарм» дар расонидани таъсир ва ноором сохтани вазъи сиёсии давлати муайян таъсири худро гузошта истодаанд. Барои хонандаи огоҳ ва соҳибандеша ишора намудани ҳодисаҳои охири ҷаҳон кифоя аст, ки давлатҳо ва созмонҳои муайян интернетро ҳамчун қудрат барои ноором сохтани вазъи сиёсии давлат ва амалигардонидани манфиатҳои геостратегиву геополитикии худ истифода намудаанд.
Чунин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мегарард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳи қабули қонун ва стратегияҳои соҳавӣ амнияти иттилоотиро аз хатарҳо ҳимоя ва ҳифз менамояд. Масалан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ва дигар қонунҳои марбут ба соҳа қабул гардидаанд, ки бевосита раванди дастрасӣ, ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотиро танзим менамоянд.
Инчунин, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми дигаре, ки дар самти таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои бунёдӣ арзёбӣ мегардад, ин «Консепсияи амнияти иттилоотии Тоҷикистон» аст. Консепсияи мазкур роҳу воситаҳои таъмини амнияти иттилоотии мамлкат, ҳамкориҳои давлат дар соҳаи иттилоот бо давлатҳо, хатару таҳдидҳо ба амнияти иттилоотиро мушаххас намудааст. Таҳия ва ташкилу татбиқи барномаҳои тарбиявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа василаи дигарест, ки дар самти таъмин амнияти иттилоотӣ нақши муҳим мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 таъкид намуда буданд:«Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 доштанд, даст накашидаанд». Дар шароити муосир ҳеҷ давлате вуҷуд надорад, ки амнияти иттилоотиашро пурра таъмин намуда бошад.
Имрӯз таҳдидҳои иттилоотӣ ба тамоми кишварҳо аз ҷумла, давлатҳои абарқудрат эҳсос карда мешавад. Тавре дар боло зикр намуда будем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти иттиллотӣ як қатор сандаҳои ҳуқуқӣ-сиёсиро қабул ва як қатор корҳои амалиро анҷом додааст, ки раванди ҳифзи амнияти иттилоотро самаранок гардонидаанд. Аз ҷумла, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудани фаъолияти сомонаҳои як қатор ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ихвон-ул-муслимин», «Паймони миллии Тоҷикистон», ТТЭ ҲНИ ва ғайра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин тадбирҳо дар роҳи мубориза бо гурӯҳҳои экстермистиву террористӣ мебошад. Ҳамзамон, манъ намудани ҷараёнҳои ифротгароии динӣ мисоли «Салафия», «Ваҳобия» ташаббусҳои ҷиддӣ дар самти ҳифзи амнияти миллии Тоҷикистон аст.
Умуман, рушди маориф ва маърифат тавассути интернет дар пешгирии таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад. Баланд бардоштани огаҳии корбарон ба фароҳам овардани муҳити бехатари рақамӣ ва ҳифзи иттилооти корбарон аз хатарҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, интернет дар рушд ва амнияти шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини коршоямӣ ва ҳифзи онҳо ва инчунин татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нақши калидӣ мебозад. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки зимни истифодаи технологияҳои шабакавӣ барои таъмини амнияти корбарон ва маълумоти онҳо дар шабака чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Файзализода БАҲРУЛЛО

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин