Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Рӯзи 13-уми марти соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №15-и деҳаи Анҷироби Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонанадагони муассиса вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмониён Фаридун, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур ва дигар аъзоён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал мудири шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳия ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" маълумот дода, сипас дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин