Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БОЗТОБИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2001 то ба инҷониб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрамми сиёсати дохилӣ ва хорҷии Тоҷикистон нақши асосӣ ва бениҳоят муҳим доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Паём санади муҳимми сиёсӣ ва илмӣ- таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Пешвои миллат амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Ҳамин тавр, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти махсуси байналхалқӣ буда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар низоми ҷаҳонӣ, вобаста ба равандҳои байналмилалӣ ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар нуктае, ки дар Паём ироа мешавад, на танҳо аз назари таъсиру корбурди дохилӣ, балки аз назари тарзи фаҳмишу қабули берунӣ низ бисёр санҷидаву озмуда мебошад, то ки ба манфиатҳои миллӣ ва тавозунҳои минатқавию байналмилалӣ халал эҷод нашавад. Дар он ҳеҷ ибора ё мавқеъ бе тааммулу ҳадафи муайян гуфта ё нагуфта намешавад. Аз ин назар, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат як ҳуҷҷати бисёр суфтаву баркашидаи сиёсӣ ва дипломатӣ низ мебошад.
Ҳамин аст, ки муносибати байналмилалӣ дар сиёсати давлати миллиамон пойгоҳи маҳкам ва устувор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин самти муҳим, ки омили асосии рушду инкишоф ва ободию осудагии кишвар аст, ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва дар ислоҳу таҷдиди муносиботи байналмилалӣ пайваста тадбирҳои нав ба нав меандешанд. Ба ҳамин маънӣ дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд, ки “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд”. Аз ин нукта бармеояд, ки Пешвои миллати мо, дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, инчунин дар пайи андешидани тадбирҳои созанда барои ҷомеаи инсонӣ пайваста чораандешӣ менамоянд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки муносибати байналмилалӣ дар замони муосир яке аз самтҳои муҳимтарину мураккабтарини ҷомеаи инсонӣ мебошад. Зеро замони ҷаҳонишавӣ дар самти муносибати байналмилалӣ ҳамеша мушкилотро ба миён оварда, зиндагии инсонҳоро печидатар сохтаву месозад. Аз ин ҷост, ки сиёсати беруна самти инкишоф ва роҳи муайяншудаи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ зоҳир менамояд, ки ин муносибатҳо ба давлатҳои дигар вобаста ба принсип ва манфиатҳои он ба воситаи шаклҳо ва роҳҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сари ин масъала муносибати хоссаи Президенти кишварро метавон аз Паёми навбатии эшон ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи муносибати байналхалқӣ мушоҳида намуд, ки чунин иброз дошта шудааст: “Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.
Воқеан, рушду пешрафт ва саодати ҳар миллат тавассути оқилонаву хирадмандона роҳанадозӣ намудани робитаҳои ҳасанаи корӣ бо кишварҳои дунё вобастагӣ дорад. Агар дар ин ё он кишвари дуру наздик нохушӣ ва нооромие ба миён ояд, ҳатман таъсироти он ба кишварҳои дигар мушоҳида мешавад. Ин аст, ки Президенти кишвар дар Паёми мавриди назар роҷеъ ба вазъи ноороми кишварҳои Афғонистон ва Ховари Миёна ва бахусус Фаластин изҳори назар намуда, бо таассуф таъкид намуданд, ки: “Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.
Боиси ифтихор аст, ки Роҳбарии кишвари азизи моро чунин як сиёсатмадори сатҳи баланди ҷаҳонӣ ба уҳда доранд. Дар пиндор, гуфтор ва рафтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои баланди гуманизм ба мушоҳида мерасанд. Ин аст, ки дар Паёмашон таъкид доштанд, ки “Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст. Мо ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро таъкид мекунем”.
Дар фарҷоми ин назаргоҳи иҷмолӣ бояд афзуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати як дастури созанда ва ҳикматомӯз мебошад. Аз ин дастури барои миллат ва кишвари Тоҷикистон муҳимму боарзиш, шаҳрвандони кишвар ва бахусу ҷавонон дарси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва ҳувияту ҳайсияти миллиро меомӯзанду онро сармашқи кору зиндагии худ қарор медиҳанд.
Сайидамир БОҚИЕВ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин