Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Табрикоти раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон

 

    Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

  Фаро расидани 21-умин солгарди Рӯзи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро аз самими қалб ба ҳамаи шумо муборакбод мегӯям. Бигузор дар сояи ин неъмати бебаҳои миллӣ абадан дар ҳар хонадони мардуми кишвар сафои рӯзгору осоиши тамом ҳукмфармо бошад. Ҳама яктану якҷон баҳри шукуфону саодатбор гардидани халқу диёри худ бедору ҳушёр ва садоқатмандона заҳмат кашем. Ин Ватану диёр ва ин миллату давлати ваҳдатободро ба садсолаҳову ҳазорсолаҳо баҳри ояндагони худ мерос гузорем.

 Воқеан, Ваҳдате, ки ба даст овардем, дар ақсои олам беназир аст ва ин андеша дар олам чун мактаби омӯзишу таҷрибаи баҳамойии осоишта пазируфта шудааст.

            Ба насли андаке аз сӣ сола болои кишвар хуб маълум аст, ки ин ваҳдат бо чӣ заҳматҳову ҷонфидоиҳои фарзандони огоҳу бедори миллат, хусусан хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи кишвар, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузургу беҳамтост. Бесабаб нест, ки аҳли ҷомеа ин фарзанди ҷоннисори Ватанро меъмори Ваҳдат номида, хизматҳои холисонаю ватандӯстонаи ӯро ҳамчун намунаи олии худогоҳию ватанпарварӣ эътироф намудаанд.

            Он замоне, ки Ватану миллат дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхту роҳи наҷоти худро гум  карда буд, раҳнамову раҳогарое аз ин фазои миллату Ватан ба майдони нангу номуси миллат дар симои фарзанди ҷоннисори ин марзу бум Эмомалӣ Раҳмон омад.

 Сари наҷоти миллат шабу рӯз заҳмат кашид. Ба ноумедон умед, ба дилҳои сардгашта гармӣ ва ба зинда мондани ин миллату Ватан ҷон бахшид.

 Оташи ҷанг хомӯш,сулҳ барқарор,осоишу осудагӣ таъмин ва зиндагии хушу гуворо барқарор карда шуд. Дари хушунату зуроварӣ, ғасбу ғорат, хунрезию куштор,бадандешию бадкорӣ ва худсарию худкомагӣ баста шуд. Зиндагӣ ба маҷрои дили умедворон ҷорӣ гардид. Акнун аҳли олам бо чашми дигар ба мо нигоҳ мекардагӣ шуданд. Эътимоду бовариашон ба ин Ватану миллат рӯз ба рӯзу сол ба сол зиёда гардид. Равобитҳои гуногун миёни Тоҷикистону давлатҳои мухталиф вусъат ёфт. Ҳоли Тоҷикистонро чун кишвари воҳиду тавоно, пештоз дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд.

 Тўли ин 21 сол Тоҷикистони ҷангзада куллан тағйир ёфта, ба як мамлакати пешрафтаву шукуфои осудаю обод ва пурқудрату тавоно мубаддал гардид. Албатта ҳамаи ин комёбиҳо туфайли Ваҳдати миллӣ, ягонагию иттифоќӣ, осудагию амонӣ ва ҳамдигарфаҳмию якдилии мардуми кишвар ба даст омадааст.

 Айни ҳол олам дигаргуну мудом дар таҳаввулот аст. Давлатҳову гуруҳҳое ҳастанд, ки баҳри мақсадҳои ғаразноки худ имрӯз ҷомеаи ҷањониро ба ҷангҳои мусаллаҳонаву хунрезӣ, террору ғоратгариҳо кашида, ҳаёти садҳову ҳазорон одамонро ноором месозанд. Зиндагиашонро ноорому ҳаёташонро талх мегардонанд. Ва аз ин амалҳояшон баҳри худ манфиатҳо мебаранд.

 Аз ин лиҳоз ҳар фарди огоҳу бедор ва ватандӯсту ватандорро лозим меояд, ки сари ин фоҷеаҳои дирӯзу имрӯзи олам андеша карда, баҳри зиндагии босаодати халқу миллат, сарзамину Ватани худ ҳамеша ҳушёру зирак ва огоҳу бедор бошад.

 Дар гирдоби макру фиреб, ҳиллаю найранги ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпешаю тундрав наафтад ва зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузорад.

 Имрӯз ҳодисаву воқеаҳои оламро бо ду чашми сар мебинем, чӣ даҳшату хатарҳо, куштору ғоратгариҳо, ғарибу бенавоҳое. Ҳамаи ин меваҳои ҳамон гуруҳҳое ҳастанд, ки баҳри ғаразҳои гуруҳии худ ин ҳаводисҳоро думбола доранд ва оламро дар моҷароҳову кашмакашиҳо қарор додаанд. Чӣ ҳодисаҳое имрӯз дар Ироқу Афғонистон, Покистону Судон, Сурияю Яман шуда гузашта истодааст.

 Бо дарназардошти ин ҳодисоту воқеот ва амалҳои номатлуб моро лозим меояд, ки ин ягонагию муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилӣ, сулҳу амонӣ, ки онро ном Ваҳдат аст, ба ҷон ҳифзаш намоем. Нагузорем нохалафе баҳри ҳадафҳои нопоки хеш ба ин меваи бахти мо санг андозад ва зиндагии осудаю обод ва босаодати моро халалдор намояд.

 Ба ҳамин ният бори дигар Рӯзи Ваҳдатро ба ҳамаатон табрик гуфта, дар зиндагию коратон комёбӣ ва сулҳу субот, ягонагию бародариро таманно дорем.

 Рӯзи Ваҳдат муборак, ҳамдиёрони азиз!              

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин