Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Рӯзи 5 феврали соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони бунгоҳҳои тиббӣ, имомхатиб инчунин раисони маҳаллаҳову фаъолони аҳли Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ бо аҳли фаълони ҷамоат Гулзода Зафар Шамсуддин қайд намуданд, ки тавре ҳамагон медонем рӯзи 28-декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Дар паёми Сарвари давлат дар бораи рушди устувор сухан меравад, ки индикаторҳои он-сифати зиндагӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ, даромад, сатҳи таваррум, дараҷаи шуғл, дараҷаи татбиқи ҳуқуқи инсон, содирот ва воридот, муътадилии экологӣ, дарозумрии ҳаёти инсонӣ, саломатӣ, ба меъёрҳо ҷавоб додани вазъи муҳити зист; дараҷаи дониш ва таҳсилот, малака; ва ғайра ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Роҷеъ ба масъалаи энергетика ва мушкилоти соҳа сухан рафта, таъкид гардид, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.
Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.
Дар баробари ин, ҷиҳати ғамхорӣ зоҳир намудан ба мардуми кишвар ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки
–аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
Ҳамчунин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуда, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар анҷоми суханронӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин таъкид намуданд, ки моро мебояд ҳушёриву зиракии сиёсии хешро аз даст надода, аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби ифротгаро, терроризму экстремизм, садди роҳи қочоқи маводи мухаддир дар байни баъзе ашхоси номатлуби ҷомеа инчунин соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ҷалб намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сӯҳбат намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин