Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Суҳбате, ки ба дилҳо маъво гирифт

 

Тайи ҳафтаи охир вохӯрии раиси Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ятимов Саидмуъмин Сатторович бо сокинону фаъолони ноҳия баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин замина  тибқи Амри Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як узви Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарғибу ташвиқи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба  сиюмин солгарди ин санаи таърихӣ дар шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардонида шудаанд. Аз ин рӯ, барои мо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мояи ифтихор аст, ки масъули ноҳия мо   раиси Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саидмуъмин мебошанд. Мавсуф чандин сол дар ин ҷо фаъолият намуда, муҳити ҷуғрофӣ ва руҳияи мардуми ин ҷоро хуб медонанд.

Бо ҳамин мақсад чунин як вохӯрии озоду самимӣ дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳия бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону имимхатибон доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Xум[урии Тоxикистон генерал-полковник Ятимов Саймуъмин Сатторович аз вазъи феълӣ ва корҳои ободониву бунёдкории ноҳия ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳарчанд то ин муддат ноҳияи Шамсиддин Шоҳин симои худро ба кули тағйир дода бошад ҳам, ҳамоно камбудиву норасогиҳо дар ин самт дида мешавад. Зикр карда шуд, ки тулии чанд рӯзе, ки мо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳастем аз вазъи феълӣ ва корҳои ободонӣ дар гӯшаву канори ноҳия аз наздик шинос шуда, бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намудем. Ҳамчунин зимни суханрони намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон аз бекорхобии заминҳои корам, ба талабот ҷавобгӯ набудани сохтмони муассиаҳои маишии аз тарафи шаҳрвандони ноҳия сохташуда изҳори нигаронӣ намуданд. Дар охир соҳибкорону фаъолони ноҳия Файзов Сафар намояндаи ҶДММ «Сафари Даштиҷум» барои сохтмони хонаи маданият бо китобхона, Аҳмадзода Маҳмудxон дорухона, [амом, кошонаи [усн ва сартарошхона, сангфаршкунии 2 км ро[, Гулов Бурҳон соҳибкор аз маҳаллаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод корхонаи коркарди ма[сулот[ои ширӣ, Қурбонов Ҳайдар соҳибкор аз деҳаи Доғистони Ҷамоати деҳоти Доғистон сангфаршкунии деҳаи навбунёд, кашидани хати оби нӯшокӣ, Набиев Аҳмад соҳибкор аз деҳаи Шӯроободи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод дорухона ва як кошонаи [усни замонавb омодагии худро пешниҳод намуданд.

Дар охир раиси ноҳия ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ятимов Саймуъмин Сатторович барои ташрифашон ба ноҳия аз номи худ ва аз номи аҳли ноҳия изҳори минатдорӣ баён намуданд.

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин