Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АКТОРИ СИЁСИИ ПЕШҚАДАМ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

Дар шароити муосир ҷойгоҳ ва нақши актор дар сиёсати ҷаҳонӣ мақоми махсусро касб мекунад. Дар низоми сиёсии олам ҳар як давлат ба тариқи хос инкишоф меёбад ва нақши муайянеро иҷро мекунад. Аз ин лиҳоз нақшофаринии давлатҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ дар доираи манфитаҳо сурат мегирад ва онҳо метавонанд мақоми акторро соҳиб гарданд.
Актор (лот. Actor – фаъолият) – субъекти сиёсат, шахс, иштирокчии сиёсати ҷаҳонӣ, ки ба равандҳои сиёсӣ таъсири бештар ва амиқтар мерасонад. Масалан ба монанди Руссия, Амрико ва Чин. Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба мафҳуми мазкурро ҷомешиноси фаронсавӣ Ален Турен ба илм ворид намудааст. Ӯ бар он ақида аст, ки “ҳаракти ҷамъиятӣ – рафтори колективии актороне, ки барои манфиатҳои синфии худ мубориза мебаранд”. Ба ақидаи сиёсатшиносони рус Сиганков П.А. ва Бриар Ф. “Актори сиёсати ҷаҳонӣ метавонад, ҳар гуна мақомот, созмон, гуруҳ ва ҳатто шахси алоҳида бошад, ки қодир аст дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ нақши таъсиррасони дошта бошад”. Масъалаи мазкурро муҳаққиқони ватанӣ низ ба риштаи таҳлилу таҳқиқ ворид намудаанд. Масалан сиёситшиноси ватанӣ Зокиров Г.Н. “Дар аксари маврид мафҳуми “актор” нақшеро ифода мекунад, ки давлат ва шахсони алоҳида дар системаи сиёсии олам анҷом медиҳанд. Махсусан шахсиятҳои барҷаста ва намояндагони сернуфузи элитаи сиёсӣ дар он мақоми хосса пайдо менамоянд. Зеро амали онҳо дар доираи манфиатҳои давлатӣ қарор доранд”.
Илова кардан мумкин аст, ки хусусиятҳои “актор” ин қобилияти ташаккул додани раванди сиёсӣ, мустақилияти ирода ҳангоми қабули қарорҳо, мустақилият дар таъйини ҳадаф ва манофеъи худ, қобиляти сафарбар кардани захираҳои инсонӣ ва моддӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, қобиляти таъсир расонидан ба муносибатҳои байнидавлатӣ ё рафтори дигар субеъктҳои системаи сиёсии ҷаҳониро дарбар мегирад. Агар актор ба ҳамаи ин меъёрҳо ҷавобгӯ бошад пас ӯ ҳамчун актори сиёсии минтақавӣ ё ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Дар шароити муосир таъсиррасонии акторҳои ҷаҳонӣ на танҳо бо роҳи зурӣ ва фишороварӣ, балки таъсиррасонии замони навин бо роҳи дипломатия сурат мегирад, ки мисоли он дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сарварони сиёсиест, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон мувафақ буда, онро ҳамчун актори сиёсии пешқадам дар минтақа ва ҷаҳон эътироф намудан мумкин аст. Масалан ташаббусҳои пайдарпай ва мувафақонаи роҳбари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ исботи ин гуфтаҳост:
- 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ гардид ва барои рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва наҳодҳои тахассусии он заминаи устуворро фароҳам овард. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст;
- соли байналмилалии оби тоза, 2003
- даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015
- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013
- даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028
- соли 2003 ворид намудани “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО;
- соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи “Саразм” ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид сохтан;
- моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд;
- 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО Чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд;
- 15 декабри соли 2021 Фалак дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж он ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил гардид;
- 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти кишварҳои ҷаҳон қабул кард.
Ҳамин тавр пешниҳодҳои зикршуда бо ташаббусу кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Ин боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор, тамаддунофар ва соҳибфарҳанг эътироф гардид.
Хулоса, мо, ҷавонон хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ, ки барои халқу миллати тоҷик ва Тоҷикистон кӯшишҳо намудаанд, қадр намуда, сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгири ҳамешагӣ намоем ва бидонем, ки хизматҳои ҳамин абармарди дунёи сиёсат (марде, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст) буд, ки имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як давлати ташаббускору созанда, рӯ ба инкишоф ва сулҳпарвар ва дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор эътироф намудаанд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар дунёи сиёсат чунин сиёсатмадорони барҷаста, чун Эмомалӣ Раҳмон ангуштшуморанд.
Мо, ҷавонон бояд дар роҳи интихобнамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор, содиқ ва шикастнопазир бошем, ки ин роҳ роҳи ватану миллат буда, роҳнамои он Пешвои миллат мебошанд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мо ҷавонони бонангу номус мебошад.
Саддом ЭГАМОВ,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин