Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

10-НОЯБР РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Рӯзи 9-ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи милатсияи тоҷик чорабинии идона баргузор гардид.
Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки таҷлили имсолаи Рӯзи касбии кормандони мақомоти дохилии кишварамон дар лаҳзаҳое рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо як руҳу илҳоми тоза ва шукургузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар доираи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстиро дар бар мегирад.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тун гардидани вазъияти сиёсӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд.
Аз ин хотир тантанаи рӯзи милитсия тантанаи тамоми мардуми кишварамон мебошад. Зеро кормандони он бо кирдору рафтори ватандӯстонаи худ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд.
Дар анҷоми суханронӣ мавсуф тамоми кормандони мақомоти дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳаро ба рӯзи касбиашон табрику шодбош намуда, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод ва сулҳу суботи пояндаро дар кишвари азизамон таманно намуданд.
Дар давом сардори шуъбаи Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Тағойзода Сафаралӣ Хол ба сухан баромада, ёдовар шуданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани яъсу ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсия тоҷик аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматиашон сарпечӣ накарда, балки бо руҳияи баланд ва умед ба фардои неки кишвар баҳри пешгирӣ намудани нобасомониҳои замон, таъмин намудани суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил дар кишвар ҷонбозиҳои бемисл нишон дод, ки ин хизмати онҳо дар назди халқу миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд.
Аз ин хотир тантанаи рӯзи милитсия тантанаи тамоми мардуми кишварамон мебошад. Зеро кормандони он бо кирдору рафтори ватандӯстонаи худ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд.
Баъдан Прокурори ноҳия Шарифзода Диёр суханронӣ намуда зикр намуданд, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон сахту вазмин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.
Бо ифтихормандӣ гуфта метавонам, ки имрӯзҳо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз иҷрои вазифаҳои давлатии худ бо сарбаландӣ баромада метавонанд. Натиҷаи қадрдонӣ ва истеъдоди баланди касбии онҳост, ки дар ноҳия оромӣ пойдор буда, сокинон бо дилпурӣ барои таъмини зиндагии шоиста заҳмат мекашанд.
Дар давоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли милитсия ва собиқадорони соҳа инчунин ба оилаҳои шаҳидони Ватан бо сипоснома ва мукофотҳои молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия консерти идона баргузор намуда, хотири аҳли толорро шод намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин