Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТУҲФАИ ИДОНА

Рӯзи 7-ноябри соли 2023 дар доираи таҷлил аз рӯзи касбии кормандони мақомоти дохилӣ дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини вазири корҳои дрхилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар шахсони расмӣ бинои нави шуъбачаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати Саричашма мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни боздид маълум гардид, ки бинои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он тамоми талаботҳои меъморию шаҳрсозии ба талаботи муосир ҷавобгу ба инобат гирифта шудааст. Бино аз шуъбаи қабул, ҷойи яроқу аслиҳа ва утоқҳои корӣ иборат буда, ҳамчунин дар он мизи шиносномадиҳӣ низ мавҷуд аст, ки ҷиҳати сари вақт ва бе хароҷоти зиёдатӣ омода намудани шиносномаи шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Баъди боздид зимни баромад раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин миннатдории худ ва тамоми сокинони ноҳияро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаашон дар рушди ботадриҷи инфросохтори ноҳия баён намуд. Ҳамчунин аз дастгириҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, ташкилу ба истифода додани чунин иншоотҳои муҳимро ҳамчун нишонаи инсондӯстонаи ин ниҳоди қудратӣ номид.
Сипас муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ба сухан баромада, кормандону собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро ба иди касбиашон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, ба ташаббускорони сохтмони бинои мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин