Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДИН ҲАМЧУН СИЛОҲИ ИДЕОЛОГИИ ЭКСТРЕМИСТОНУ ТЕРРОРИСТОН

Ҳар лаҳза фаъолияти пасипардагии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ таҳдиду хатарҳои воқеиро ба ҳар як фарди сулҳҷӯ ва осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоранд. Бозигарони аслии саҳнаҳои геополитикӣ бағоят хушзеҳн, ҳушёр ва андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оян-да фикр мекунанд, барнома месозанд ва ба амалисозии он мепардозанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне ки бо халқҳои «каммаърифат», ба ибораи дигар «содалавҳ» дучор меоянд, зеро «вақте ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст».
Нерӯҳои сиёсие, ки динро ҳамчун силоҳи идеологӣ истифода мебаранд, барои тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ки мақсади ниҳоии онҳо аст, ба ҳама гуна воситаҳои мубориза, аз ҷумла, зӯроварӣ, ки дар шакли терроризм зоҳир мешавад, низ рӯ меоваранд. Дар ин замина, идеологияҳои зиёд, ба монанди ваҳҳобизм, салафизм, таҳриризм, толибизм, наҳзатизм ва ғайра дар хориҷа сохта шуда, миёни мусулмонон ворид карда шуданд. Воқеан, дар замони муосир бархе аз кишварҳои манфиатҷӯи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои расидагӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ва қонеъ гардонидани манфиатҳои геосиёсию геоиқтисодии худ зуҳуроти сиёсишавии динро мақсаднок босамар истифода менамоянд. Натиҷаи тамоюли тағйирёбанда ва шиддат гирифтани вазъи амниятӣ дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа собит менамояд, ки сиёсишавии дин ва исломи сиёсӣ хусусияти устувор пайдо карда, ба як хатари глобалӣ табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки одатан кишварҳои манфиатҷӯ аз бовармандӣ ва эътиқоди баланди динии аҳолии давлатҳои мавриди назар истифода бурда, ба сиёсикунонии дин, ки боиси пайдоиш ва инкишофи террроризм мегардад, машғул мешаванд. Зеро зуҳуроти терроризм, ки маҳсули он аст, яке аз василаи осон, каммасраф ва муфид барои қонеъ гардонидани манфиатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ маҳсуб ёфта, заҳмат ва харҷи зиёдро тақозо намекунад.
Ҳамин тавр, коргардонҳои бозиҳои геосиёсӣ шуруъ аз нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX ба раванди сиёсисозии ислом вусъат бахшида, дар заминаи идеологияҳои ихтилофангез ташкилотҳои мухталифи террористию экстремистӣ созмон ёфтанд. Минбаъд бар мабнои идеологияи ҳамин созмонҳо, ки аллакай дар ислом заминаи ихтилофотро ташкил карда буданд, як қатор ташкилотҳои байналмилалии террористию экстремистӣ, ба монанди «ал-Қоида» (1988), «Ҳаракати Толибон» (1994), «Давлати исломӣ» (2014), ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом» (солҳои 70-уми асри гузашта), Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (соли 1996), «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (охирҳои соли 2006 ва аввалҳои соли 2007) ва дигарҳо созмон ёфта, зери дастури хоҷагони худ то ҳол ба содир намудани амалҳои мудҳишу даҳшатбори террористӣ машғул мебошанд.
Дар олами ВАО Интернет яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, сайтҳои роҳнамо, ки аксаран сарчашмаҳои ташвиқ намудани маводи террористию экстремистӣ маҳсуб мешаванд, тадриҷан зиёд гардида истодаанд. Акнун ҷомеаи иттилоотӣ ба тӯдаи таҳдидҳои шадиди иттилоотӣ аз тарафи экстремистон ва террористон рӯ ба рӯ шудааст. Айни ҳол барои ин шабакаҳо ва хизматгузориҳои «В Контакте», «Одноклассники», «YouTube», «Facebook», «Instagram», «Livejoumal», «RuTube», «Foursguare», «Twitter» ба кор бурда мешавад. Имрӯз шумораи зиёди шабакаҳо ва барномаҳои мухталифи интернетӣ мавриди истифодаи террористону созмонҳои террористӣ қарор дорад. Онҳо метавонанд дар як лаҳза бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти мухталифи хусусияти экстремистию террористидоштаро паҳн намоянд. Масалан, қаблан мубаллиғони ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо одамон рӯ ба рӯ истода таблиғот мебурданд. Ҳоло бошад, онҳо метавонанд бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ, дар фурсати ниҳоят кӯтоҳ шумораи зиёди одамонро ба таблиғот фаро гиранд.
Раванди ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани наврасону ҷавонон ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, бунёдгароии динӣ ва моилсозии ҷавонон барои гаравиш ба гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо дар давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динии ҷавонону наврасон ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари нафарони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулбуда, пойбанди равияву ақидаҳои бегона ва хурофот буда, ба мағзшӯӣ ва мафкурасозии наврасону ҷавонон машғул мебошанд. Аз ин лиҳоз, яке аз омилҳои пайдошавии зуҳуроти номатлуби терроризм маҳз таълими ғайриқонунии динӣ мебошад. Масалан, ҳоло дар Покистон қариб 50 000 мактабу мадрасаҳо фаъолият доранд, ки дар пойгоҳҳои бархе аз онҳо наврасону ҷавонон зери пӯшиши таълими динӣ ба таълимоти ҳарбӣ, экстремистӣ ва террористӣ машғул мебошанд.
Дар бештари ҳолатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити кишварҳои хориҷӣ ҳангоми ба мушкилӣ дучор шудан, зери таъсири идеологии мубаллиғони бунёдгарои динӣ қарор мегиранд. Махсусан, мушкилоти иқтисодӣ ва холигии маънавию равонӣ боиси ба осонӣ гаравидани муҳоҷирон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ мегарданд. Аксари онҳо гаравиш ба гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористиро роҳ ва василаи ягонаи раҳоӣ аз мушкилот мефаҳманд.
Дар раванди бархӯрд ва омезиши тамаддунҳо ихтилофҳои гуногуни фарҳангию динӣ ба вуҷуд омада, ба пайдоиш ва инкишофи терроризм мусоидат намуда истодаанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин