Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ: РӮЙДОДИ ТАҚДИРСОЗ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.
Дар таърихи инсоният аксари халқҳои мутамаддин ва давлатҳо дар марҳилаҳои гуногуни таърихии хеш ҷангҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, чуноне ки аз таҳлили таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ бармеояд, аслан дар заминаи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, психологӣ, этникӣ ва миллӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Агар таърихи асри XX халқи тоҷикро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки аксар заминаҳои зикргардида дар ҳаёти халқи тоҷик ҷой доштанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар шароити набудани роҳбари давлат оғоз кард. Дар ҷараёни иҷлосия, баъд аз мубоҳисаҳои зиёд ҷиҳати идома иҷлосия, институти президентӣ барҳам дода шуда, раиси Шӯрои Олӣ ҳамчун роҳбари давлат аз нав интихоб гардид.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари нави давлатро интихоб кард. Ба ин вазифа роҳбари 40-солаи вилояти Кӯлоб, ки қаблан роҳбарии яке аз хоҷагиҳои пешқадами минтақаи ҷанубии мамлакатро ба уҳда дошт - Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Роҳбари нави мамлакат, ки дар оилаи деҳқон ба воя расида буд, мактаби меҳнати ҷисмонӣ ва хизмати ҳарбии сесоларо дар сафи Кувваҳои ҳарбӣ – баҳрии уқёнуси Ором гузашта, таҷрибаи бои зиндагӣ дошт. Ӯ оиладор соҳиби писарону духтарон буда, наздикони худ-падар ва бародари калониашро аз даст дода буд. Хамроҳи халқи худ солҳои вазнини оғози ҷанги шаҳрвандиро таҳаммул карда, аз хатарҳое, ки ба ҳаёти ӯ баҳри истиқрори сулҳ дар замини тоҷикон ва ояндаи дурахшони фарзандону халқи азизаш таҳдид мекард, натарсид. Саломатии бардавом, ҷасорат ва диловарӣ, заковат, меҳнатдӯстӣ ва матонат, ки ба ӯ аз табиат эҳдо шудаанд, барои фаъолияти муваффақи ӯ ба сифати Роҳбари давлат ва дар оянда ба сифати Пешвои миллат воқеан ҳам, кӯмак расонданд.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми хусусиятҳои беҳтарини роҳбари давлатро дар ҳалли масоили сиёсати дохилӣ зоҳир карда, ҳамчун дипломати соҳибтаҷриба дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ баромад намуд. Ӯ сиёсатмадори ботаҷриба, донои масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли вазифаҳои аграрсаноатӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ на танҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи минтақа, ҳамчунин дар дараҷаи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҳатто деҳаҳои Тоҷикистон аст.
Дастоварди бузурги Пешвои миллат гузаронидани ислоҳот дар низоми молия ва ба истифода баровардани асъори нави миллӣ буд. Вазифаҳои стратегии мамлакат, амалан идеяи милли халқи тоҷикро ташкил доданд. Таъмини истиқлолия энергетикӣ, бехатарии амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ-вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ буда, асоси рушди минбаъдаи некӯаҳволии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти беназирии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масоили характери глобалидошта бетафовут буда наметавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори фаъоли барқарор кардан ва таҳким бахшидани амнияти минтақавӣ дар Осиё Марказӣ борҳо аз минбарҳои баланди иҷлосияҳои генерали СММ, маҷлисҳои ташкилотҳои байналхалқӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба хатари таҳдидкунандаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ ҷалб кард. Тоҷикистон ба иштирокчии асосӣ ташаббускори фаъол дар масоилрушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи сиёсӣ дар саҳнаи байналхалқӣ, дар чорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ табдил ёфт.
Воқеан, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири халқи тоҷик ва таърихи нави давлатдорӣ рӯйдоди тақдирсоз буда, марҳилаи зиёда аз 70 - солаи ҳаёти халқ моро дар ҳайати империяи бузургтарини ҷаҳонӣ-Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъбаст менамояд. Эъломияи 9-уми сентябри соли 1991, ки дар натиҷаи балвои нокоми августии соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон дошт, оғози марҳилаи расидан ба истиқлолияти воқеӣ буд.
Маҳз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони нави мамлакатро имкон доданд, ки масоили муҳими ҳаётро ҷиҳати манъи ҷанг бародаркуш, бозгашти гурезагон ба ватан, дарёфти роҳҳои гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик, бунёди давлатдории нав ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳал намоянд. Иҷлосия тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Барои чӣ маҳз Эмомалӣ Раҳмон? Хусусиятҳои хоси шахсӣ в қобилияти зеҳнии ӯ, таҷрибаи ҳаётӣ ва малакаи роҳбарӣ ба халқи тоҷик имконият доданд, ки таҳти роҳбарии ӯ беш аз 31 сол дар шароити истиқлолияти давлатӣ рушд ёбанд, масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро бомуваффақиятона ҳал намоянд. Дар тӯли 29 сол, баъд аз баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик роҳи бузургро ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ватани хеш тай намуд.
Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷикро ҳафҳои азим дар пешанд. Таҷрибаи таърихии солҳои сипаришуда моро мутмаин месозад, ки ин вазифаҳо низ бомуваффақиятона ҳалли худро меёбанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сазовори хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ишғол менамояд.
Иброҳим Халилов

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин