Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нав кардани асосҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва такмил додани онҳо, ба бунёди давлати нав - давлати демокративу ҳуқуқбунёд замина мегузорад”
Эмомалӣ Раҳмон, 12 декабари соли 1992
Дар давлатдории навини тоҷикон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини суботу оромии кишвар саҳми фарзонафарзанди тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Ин аст, ки аз рӯзҳои аввали таъин гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Сардори давлат, ӯ барои рушди давлати тоҷикон камари ҳиммат баст.
Бо мақсади ташаккул ва рушди тамоми шохаҳои давлатдории миллӣ зарурият пеш омад, ки танзими фаъолияти тамоми сохторҳоро дар асоси Қонуни нави давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул намоянд. Ҳамин тариқ аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ, Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқиро бо назардошти манфиати омма пешиниҳод намуда, ҷиҳати таҳия ва қабули лоиҳаи Конститутсияи нав, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби ҳуқуқшиносон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти давлатӣ ва сиёсатшиносони варзида таъсис дод. Комиссия вазифадор гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия таклифу пешниҳодҳои мардумро ба инобат гирифта, онро ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баробар намоянд ва ҷиҳати таблиғи ҳар як моддаи ин ҳуҷҷат тариқи воситаҳои ахбори омма ва матбуоти даврӣ баромад намоянд. Ҳамзамон манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрии воқеӣ ва тамомияти арзии кишвар ба назар гирифта шуда, арзишҳо ва музафарриятҳои миллӣ дар мадди аввал қарор дода шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки бори аввал вобаста ба масъалаи мазкур Сардори давлат дар Иҷлосияи XVI – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза карда, эълон дошт, ки “Тоҷикистон ҷонибдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд” аст ва ин мафҳум дар Конститутсияи нав бояд ҳамчун ғояи асосиву таърихии давлат дарҷ карда шавад. Роҳбарияти олии мамлакат пайваста иброз намуд, ки тарафдори сохтори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, чунин усули пешакардаро мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ унвон кардаанд. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллии тоҷикон ва суботи кишвар зарур дониста шуд, ки ин меъёрҳо дар лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дароварда шуда, тавассути онҳо минбаъд Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.
Раиси комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳо вобаста ба ҳар як таклифу пешниҳоде, ки аз ҷониби мардум расонида мешуд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, онро ба муҳокимаи аъзои комиссия пешкаш мекард. Гуруҳи корӣ ба уммдатарин масъалае, ки пеш аз ҳама ба манфиати ҷомеа ва бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд созгор будаанд, бештар такъя намуда, ҷиҳатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро муайян ва мушаххас мекардаанд. Дар ин росто ба истифода аз фикру мулоҳизоти мардум ва мутахассисони соҳибтаҷриба, консепсияи нави Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки инъикоскунандаи ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад, қабул гардид. Маҳз чунин пешниҳоди муҳим барои таҳияи лоиҳаи нави ҳуҷҷати асосии давлат саривақтӣ ва созгор буда, он дар боби якум, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ ва моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷо дода шуд, ки чунин аст; “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар ин радиф Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки функсияҳои асосии Конститутсия аз қабили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва инсондӯстӣ ба таври пурра дар манти он дарҷ карда шавад, дар он сурат ҳадафҳои аслии он ба воқеият табдил мегардад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсия, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ба гуруҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву сулҳҷуёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд. Зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун иҷро намоянд. Ин омил имконият фароҳам овард, ки дар моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ, номус ва озодии ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя ва ҳифз карда мешаванд”, дарҷ карда шуд.
Вобаста ба ҳифз ва татбиқи забони давлатӣ ва истифодаи васеи забони модарӣ барои миллат ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, тибқи талаботи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, забони русӣ ҳамчун забони муошират байни миллатҳо эътироф гардид. Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия ба рамзҳои давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи низомномаи рамзҳои давлатӣ дастур дода шуд. Дар баробари ин ҷиҳати мукаммал намудани лоиҳаи Конститутсия аз тамоми восита, ки барои рушди минбаъдаи давлату миллат замина мегузоранд, истифода гардид.
Дар ин радиф Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои корӣ вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ менамуд. Дар яке аз маърузаҳояшон қайд намудаанд, ки; “Лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон халқӣ буда, онро тамоми мардум ва ҳамватанони бурунмарзии кишварамон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор додаанд”. Бо назардошти ин ва натиҷаи муҳокимарониҳои мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд, ки лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ (референдум) пешниҳод карда шавад, зеро дар он пеш аз ҳама манфиатҳои миллӣ ва таклифи мардум ба инобат гирифта шудааст. Дар ин самт 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва натиҷаи райъпурсӣ нишон дод, ки 87 фоизи раъйдиҳандагон лоиҳаро дастгирӣ намуда, он саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории миллӣ боз кард. Дар ин росто маҳз ақидаҳои муҳимтарини Пешвои миллат бо такя ба манфиатҳои милливу давлатӣ, омили асосии таҳияи лоҳиҳаи сарнавиштсоз кишвар гардид ва ба мардум зиндагии шоиста ва ҳуқуқи маънавию маърифатӣ таъмин намуд.
Ҳамин тариқ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи ҷомеаи шуравӣ ба марҳилаи нави рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи устувор гузошта, таҳкими пояҳои давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ минбаъд такмил ва таъмин гардидаанд. Дар асоси Кониститутсияи қабулгардида тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат таҳия ва қабул гардида, ин ҳуҷҷати асосии давлати тоҷикон феълан ҳамчун пойдевор ва сутуни мустаҳкам барои амалишавии ниятҳои созандаи мардум мусоидат менамояд.
Назира АМИРБЕКЗОДА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин