Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

МО ҲОМИИ СУЛҲЕМ!

Тоҷикон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳдӯст ва муборизи асосӣ ба муқобили ҷангу бедодӣ маъруф гардидаанд. Таърихии беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик ҷангеро ёд надорад, ки тоҷикон ба хотири давлаткушоӣ намуда бошанд ва ёд надорад муборизаеро, ки бар ивази хунрезӣ мулкеро тоҷикон соҳиб гашта бошанд. Аз Куруш то Оли Сомон, ки ҳама аслан аҷдоди ориёиву аз насли тоҷикони номовар ҳастанд, ҳама кӯшиши тарғиби ғояи сулҳу осоиштагии сартосариро намудаанд.
Ғояи сулҳофарӣ барои тоҷикон ҳамчун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл гузаштаву то имрӯз омада расидааст. Тоҷикон ҳамон миллати соҳибнуфузи дорои эҳтироми баланде ҳастанд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги шадиди таҳмилии дохилиро бо роҳи осоишта ба поён расонида, “формулаи сулҳ”-ро ихтироъ намуданд. Давоми солҳост, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва Пешвои муаззами он аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигари ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Танҳо то соли 2019 курси таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар зиёда аз панҷ муассисаҳои бонуфузи олии кишварҳои хориҷӣ ва минҷумла дар Донишгоҳи сулҳи Созмони милали муттаҳид мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Аммо ғояи сулҳ ва тарғиби сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони азиз ба як қатор ашхоси нопоктинат ва хиёнаткор писанд нест. Аслан ба худи эшон ҷизе фарқ надорад, зеро онҳо маънии аслии ин вожаро ҳатто дарк карда наметавонанд. Зеро як умр аз озодӣ маҳруманду ҷасади нопокашонро барои манфиатҳои як гурӯҳ хориҷиён истифода менамоянд. Ин гурӯҳ маҳз он ашхосе ҳастанд, ки солҳои 90-ум кишварро ба вартаи ҷанг тела доданд, пасон бист соли дигар аз тамоми имконоти худ истифода бурда, хостанд мамлакатро ба дасти сарпарастони худ супоранд ва ниҳоят инҳо ҳамон фарзандони нохалафе ҳастанд, ки чанде пеш дар як кишвари хориҷӣ хостанд обрӯву эътибори миллати тоҷикро тавассути таъқири роҳбари давлат паст намоянд.
Бо ин тӯда мегӯем: - Эй хиёнатпеша, магар обрӯву эътиборе, ки бар ивази меҳнати шабонарӯзӣ, бар ивази азхудгузаштагӣ ва бар ивази ҷонбозиҳои бемислу монанд ба даст омадааст, бо як ду ҳарфи ту коста мегардад?! На, ҳаргиз ин гуна нест. Эътибори сарвари тоҷиконро тамоми кишварҳои мағрибу машриқ эътироф ва барояш борҳо аҳсану офарин гуфтаанд. Ба шумо чӣ? Ба шумо ба ғайр аз хоҷагонатон, ки дар паси пардаҳои сиёҳ нишаставу нақшаву барномаҳои хоинона тайёр мекунанд, дигар касе магар аҳсан гуфтааст? Ин гуна набуд ва нахоҳад шуд. Шумо зомини ҷони ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик ҳастед, ки чароғи хонаи фарзандони ин миллатро абадан хомӯш кардаед ва амали охиринатон низ ғояти ҳасаду бухл ва бадбинӣ буду халос. Шумо ба ҷойи он ки манфиати миллиро ҳифз намоед, дар назди ду-се аврупоии пойлуч обрӯву эътибори давлату миллати азизамонро паст кардан хостеду халос.
Аммо ҳамаи амалу ҳаракататон беҳуда аст. Имрӯз ин амали Шумо дар миёни ҷомеаи мамлакат мавҷи садоқату муҳаббат нисбат ба сарвари давлатро бедор намудааст, ки дар ҳар сухану амал ошкоро намудор аст. Тайи чанд рӯз аст, ки ҷавонони худшиноси тоҷик дар сомонаҳои иҷтимоӣ амали ноҷавонмардонаи шуморо маҳкум ва хиёнати навбатиатон амали пасттарин мехонанд. Ба таъбире обрӯи то ин дам набудаи худро боз ҳам пасттар кардеду халос.
Огоҳ бошед, ки миллати мо дигар миллати содаву омӣ нест ва мардуми тоҷик, алалхусус ҷавонон бо истифода аз имконоти аз ҷониби роҳбарияти кишвар фароҳам гардида, хондаву соҳибхирад гаштаанд. Ҳоло ҷавонони тоҷик парчами сулҳ дар даст доранду барои ҳифзи он талош меварзанд. Дар ин ҳолат ягон амали шумо барои ҷавонони худшиноси тоҷик таъсир расонида наметавонаду шумо ба мақсадҳои ғаразолуди худ ҳеҷ гоҳ нахоҳед расид. Зеро мо, тоҷикон ҳамеша толиб ва ҳомии сулҳ будему ҳастем ва хоҳем монд.
Шоҳрух ҲАМИДОВ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин