Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ШУКР ГӮЯМ ХИЛҚАТИ ХУДРО, КИ ТӮФОНЗОДА АСТ, ҲЕҶ НАПСАНДАД ҲУҶУМИ НОКАСУ НОЧИЗҲО...

Кирдорҳои ношоиста ва нопоку тамаъкоронаи гуруҳи начандон зиёде «ҳамватанони мо», ки нисбат ба корвони Роҳбари давлат ҳангоми ташрифашон ба Олмон раво диданд, боиси изтироби мардум гардид. Аз ин амалу рафторҳои ноҷавонмардонаи ҳамоишкунандагон аён аст, ки он аз рӯйи «барномаи таҳрезишуда»-и нафарони мансабпарасту мансабталошони зерипардагӣ роҳандозӣ гардидааст.
Чунин ашхос бояд ба худ савол диҳанд, ки пеш аз ҳама барои наздикону пайвандони худ, баъдтар барои рушди ин миллат кадом кори хайрро анҷом додаанд? Имрӯз модарони ин нохалафон ашки ғам мерезанду падаронашон дар назди мардум сархаманд. Ин гурӯҳ имрӯз таҳти фиребу найрангҳои мансабталошону хоҷагони пулпараст қарор дошта, бехабар аз онанд, ки рӯзе мерасаду ин хоҷагонашон барои манфиатҳои разилонаи худ, онҳоро нобуд месозанд ва дар пайи боз ашхоси дигари раҳгумзадаву нохалаф мепардозанд.
Беэҳтироми нисбати муқаддасоти миллӣ ва Роҳбарияти олии кишвар, ки тамоми ҳастиашро бедареғ баҳри ватану миллати азизаш бахшидааст, нишони бемаърифатӣ ва гумроҳист. Амну субот ва озодиву ободии Тоҷикистонро танҳо ашхосе нодидида мегирад, ки барои ин халқу миллат кореро ё амалеро анҷом надодаанд. Чунин гурӯҳҳои нохалафу раҳгумзада, ки имрӯз берун аз мамлакат таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷиаш қарор доранд ва ба миллату давлат санг мепартоянд ва аз ин кирдори бадхоҳонаи худ заррае ҳам андеша намекунанд.
Бо амри тақдир мардуми тоҷик 9 сентябри соли 1991 аз нав соҳиби давлат, давлати соҳибистиқлол гардид. Ин давлати навбунёдро аз вартаи нобудшавӣ наҷот додан ва ба он умри дубора додану таҳким бахшидан бо сухан гуфтан осон аст. Вале ин кори бузургро бо ҷасорату матонат ва кордонии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба анҷом расонанд. Мардуми саодатманду сарбаланди Тоҷикистон имрӯз дар партави сиёсати инсондӯстонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори давлати навини тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз суботи кишвар, қадамҳои устувори умедбахш гузошта, ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва музаффариятҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, вусъат додани раванди созандагиву ободонӣ саҳм гузошта истодаанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва азнавтақсимкунии ҷаҳон ҳамаи моро зарур аст, ки манфиатҳои миллиро боло гузошта, барои пойдории давлату миллат ва замини аҷдодиамон кӯшиш ва мубориза барем. Дар ин росто бо такя ба ақли солиму ҳамдигарфаҳмӣ ва сиёсати олии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, бо шукргузорӣ аз таъмини амну суботи Тоҷикистони азиз зиндагӣ ва кор намоем.
Кайҳост, ки исми Эмомалӣ Раҳмон бо исми Тоҷикистон бо ҳам пайванданд, ки ин падида чи дар дохили кишвар ва чи хориҷи он қобили қабули мардум гардидааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи тақдирсози давлату миллати тоҷик сарварӣ ва масъулияти ояндани онро ба дўш гирифта, қавл доданд, ки дар ин роҳ ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт ва бо ин қавли худ то ба имрўз содиқ монданд.
Басанда аст, ки мо ба таври иҷмолӣ хизматҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон - Эмомалӣ Раҳмонро номбар намоем, то аз рӯйи ақлу заковат дарк кунем, ки ин шахсияти бузурги миллат дар таърихи халқи тоҷик чи ҷойгоҳеро касб намудааст. Эмомалӣ Раҳмон нафарест, ки бо саъю талошҳои ҷавонмардонаю бидуни тарси ҷони худ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ ва аз байн рафтану нобудшавӣ ҳамчун давлати мустақил наҷот доданд. Мардуми пароканда ва дар ғарибиҳо сарсону саргардонро боз ба ҳам биёрад ва имрўз рафоқату ҳамбастӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳарвақта дида, мустаҳкамтар гардидааст.
Тайи се даҳсолаи охир бо ибтикори ин марди бузург ва сиёсатмадори ҷаҳон ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат такони ҷиддӣ бахшида шуда, бунёди иншооти ҳаётан муҳим, сохтмони роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта, иншооти гидротехникӣ, муасиссаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ бо маром ҷараён гирифта, дар таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат нақш гузоштаанд. Ҳазорон нафар шаҳрвандон бо ҷои кори мавсимиву доимӣ таъмин гардида, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки ба самтҳои афзалиятноки кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, бо амалӣ гардидани Стратегияҳои рушд ва барномаҳои соҳавӣ сатҳу сифати ҳаёти мардум беҳтар гардид. Мазҳ сиёсати “дарҳои боз” сабаб гардид, ки Тоҷикистон дар зиёда аз 180 давлати дунё намояндагии доимӣ ва корпусҳои дипломатиро ифтитоҳ намояд ва дар таҳкими муносибатҳои накуҳамсоягӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад талош намояд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз давраи бостон халқи тоҷик пайваста таҳти фишори душманон ва аҷнабиён қарор гирифта, мардум гирифтори азияту ранҷ ва сарсону саргардон мешуданд. Ҳамчунин мо намунаи дигари таърихӣ дорем, ки аз он ифтихор менамоем. Яъне ҳангоме, ки гузаштагони мо давлати бузургеро бо номи Сомониён ташкил намуда, тавонистанд осудагию оромии мамлакатро таъмин созанд ва бад ин васила аз ҷиҳати пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илму фарҳанг дар сафи пеши ҷаҳони онрўза бошанд. Аз сарчашмаҳои илмиву далелҳои раднопазир бармеояд, ки маҳз дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён аҷдодони мо соҳиби давлати бонуфуз гардида, рушди забону расму ойин, фарҳангу маданият ба авҷи аъло расид. Ин нукта дар шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба таври муфассал инъикос гардидааст.
Ташабусҳои созандаву иқдомҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим, ки борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо додаанд, имруз барои давлатҳо ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат барои ҳифзи ҳаёти инсоният дар олам арзёбӣ мегардад.
Аз ҳама муҳиммаш ин пойдории сулҳ дар кишвар аст. Шуркргузор бояд аз ин суботу амн кунем. Ба руйи ин давлату миллат бо назари бад нигоҳ накунем, миллатро пароканда ва давлати навини тоҷиконро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, ба қавли сиёсатшиноси тоҷик Абдуллои Раҳнамо: “Ин шонси охирин барои тоҷикон аст. Бояд давлат ҳифз ва миллат нобуд нашавад”.
Пас месазад, ки дар гирди сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ оем, давлату миллатамонро самимона дӯст дорем ва баҳри пешрафту ободии он саҳмгузор бошем. Бетараф набошем, зеро бетарафӣ бешарафӣ аст.
Назира АМИРБЕКЗОДА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин