Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАСЛИ АНДЕШАВУ АФКОР ГУМРОҲ НАХОҲАД ШУД...

НАСЛИ АНДЕШАВУ АФКОР ГУМРОҲ НАХОҲАД ШУД...
Дар замони афзояндаи ноустувориҳо, замоне ки майдони ахбор ҳар дақиқаю сония тағйир меёбад, ҳаракатҳои гуногун бо характери харобиовар пайдо шуда, дар баробари ин, ба инкишофи шахсият таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ин росто, барои ҷавонон муайян кардани арзишҳои ҳақиқӣ дар ҷомеаи босуръат рушдёбанда душвор мегардад.
Ташаккул додани муносибати мунтазам, роҳандозии муколама бо насли наврас ва ба ин васила дар ташаккули пояи мустаҳками маънавию ахлоқии онон, эҳтиром ба калонсолон, ҳамватанон ва сокинони Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии худ, танҳо ва танҳо мусоидат зарур аст. Зеро, дарки сабабҳои аслии чолишҳо ва таҳдидҳое, ки дар давраи ташаккули ҷавонон ба вуҷуд меояд, аз муносибат вобастагӣ дорад.
Имрӯз, набояд ба азнавдидабароии таърихи Ватанамон роҳ дод, чаро ки ин метавонад боиси аз байн бурдани арзишҳои аслии халқамон гардад. Барои муқобилат нишон додан ба чунин раванд ҷавононро мебояд ифтихор намуд аз таърихи миллати худ ва дар ҳолати зарурӣ аз он оқилона ва моҳирона дифоъ кард. Маҳз ҳамин аст вазифаи аввалиндараҷаи низоми тарбияи насли ҷавон. Ҷавонон гуруҳи иҷтимоие мебошанд, ки бо як қатор омилҳо бештар ба ақида ва эҳсосоти радикалии миллатгароӣ гирифтор мешаванд.
Таъсири паёмҳои харобиовар ба шуури ҷавонон тавассути бархе аз расонаҳо ва манобеи иғвоангез, надоштани мавқеи созандаи шаҳрвандии ҷавонони аз ҷомеа дурмонда, ба афзоиши рӯҳияи ҳаяҷонангез, манбаи таҷовуз ва хушунати ошкорои онҳо (яъне ҷавонони гумроҳ) мусоидат мекунад.
Донистани заминаҳое, ки боиси пайдо шудани ин гуна эҳсосот миёни ҷавонон мегардад, пешгирии сари вақтӣ, пешгирии эҳтимолияти ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротӣ доштаашонро муҳим арзёбӣ менамоем.
Радикализм равияи мухолиф аст. Гузашта аз ин, радикализм сутун ва пуштибони мухолифони ашадӣ буда, чун қоида, он дар ҷомеа нақши нооромкуннадаро мебозад. Заминаи мусоиди иҷтимоӣ-психологӣ барои радикализм номуайянӣ ва ноустурории умум маҳсуб мешавад. Дар ин замина ғояҳои вайронкунандаи шуур инкишоф ёфта бо амалҳои мувофиқи худ ҳамроҳ мешаванд. Ғаразнокӣ дар шароити номусоид метавонад радикализми ҷавононро ба бор орад. Хоси рушди тафаккур ва рафтори радикалӣ ин амалҳои ифротӣ, инкори мафкура, одоб ва сохти маъмули ҷамъият, тағйирёбии руҳияву афкор, афзаляти усулҳои зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои харобкунанда мебошад.
Ҷавонони ноогоҳ ва ақидаҳои ифротгароидошта аз аксарияти ҷавонони тоҷик ҷудо гашта, дар чаҳорчубаи тангназарӣ маҳфузанд. Миёни ин гуна ҷавонони гумроҳ ва ҷавонони ватандӯст марзи ногузар мавҷуд аст.
Сабаби асосии потенсиали ифротгароӣ дар он аст, ки ҷавонони пурқувват мавқеъ дар зиндагӣ, дурнамои касбу кор, роҳи баромад аз доми вобастагӣ, ба истилоҳ, аз хоҷагону мураббиёни мафкурвии худро гум кардаанд. Ин ҳолат метавонад боиси нафрати оштинопазир нисбати ниҳодҳои ҷамъиятӣ гардад. Дар ҳаёти муқаррарӣ радикализми ҷавонон аслан дар шакли эҳсосот вуҷуд дошта, ифодагари низоми ақидаҳо ва ҳолатҳои тамоюли ифротӣ мебошад. Ғайриқаноатмандӣ ва норозигӣ аз ҳаёт, дар шакли нафрат ва душманӣ аз дигарон интиқом мешавад.
Мубрамияти масъалаи шаклҳо, сабабҳо ва оқибатҳои падидаҳои харобиовар дар соҳаи иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони муосир, ки бо шуури ифротгароии бархе шаҳрвандон, нестшавии ҳуввияти давлатӣ-ватандӯстии ин афрод дар ҳамлаҳои иттилоотӣ ба мафкураи ҷавонон торафт бештар мушоҳида мегардад, баралост.
Аммо, мутмаин бошанд душманони миллати тоҷик, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар баррасии ҳамаҷонибаи ҷузъҳои тарбияи ватандӯстӣ ва монеаҳои эҳтимолӣ дар роҳи татбиқи он, муттаҳид аст. Ҷомеаи Тоҷикистон ҳамагуна кирдорҳои бадахлоқонаи ҷавононро дар дохил ва берун аз хоки Ватан бо ҷиддият маҳкум мекунад. Ҳеҷ гоҳ, кишвари тоҷикон мисли имрӯз муттаҳид набуд, дар пешорӯи таҳдидҳои таҳрикомез ба насли ҷавони тоҷик, таблиғи кинаву адовати миллию мазҳабӣ, парастиши хушунат, хиёнат, истеъмолгароӣ ва бараҳмӣ.
Саодат ШАРИФХОҶАЕВА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин