Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БА ҚАДРИ ҲАР ҚАТРА ОБУ ҲАР ЗАРРА ХОКИ ИН ВАТАН БОЯД РАСИД!

БА ҚАДРИ ҲАР ҚАТРА ОБУ ҲАР ЗАРРА ХОКИ ИН ВАТАН БОЯД РАСИД!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника, ки инсоният бо дастёбӣ аз дастовардҳои илмӣ ҳарф мезанад, мутаассифона пайдоиши ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷӯи ифротгаро боиси монеа эҷод шудан ба оромишу суботи ҷомеа ва пешрафти он мегарданд. Дар пайи мубориза алайҳи ин равандҳои номатлуб аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамарӯза талош менамоянд. Вобаста ба ин, моро лозим меояд, ки баҳри нагаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва муборизаи беамон зидди ин гурӯҳҳои ифротгаро аз донишу таҷрибаи андӯхта истифода намуда, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Бояд қайд кард, ки масоили экстремистӣ дар олам гуногуншакл амал менамояд. Ин ҷо метавон ҳаракати гурӯҳҳои ифротгароро чунин шарҳ дод: - Ифротгароён ва ё масоили экстремистӣ ба шуур ва психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ба муносибати гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (эктремизми иҷтимоӣ), миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстремизми сиёсӣ) ва ё мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсири манфӣ мерасонад. Мароми асосии онҳо: моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ ва қонеъ нагардидан аз вазъиятҳои воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, зуҳуроти шавқу ҳавас ба намудҳои нави фаъолият, худсобиткунӣ, хаёлпарастии ҷавонон, қаҳрамонӣ, бозӣ ва ҷаззобияти хатари марговар ва амсоли ин мебошанд. Ҳаракатҳои экстремистие солҳои охир дар байни ҷомеа паҳн гардидааст, ки баъзе аз давлатҳои ҷаҳон дар ҷодаи бартараф сохтани ин ҳаракати бадхоҳона ба мушкилотҳо дучор шудаанд. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими ин раванд корҳои муайяне ба анҷом расида бошад ҳам, аммо мутаассифона маърифати пасти бархе аз шаҳрвандон боиси сару садоҳо пайдо шудан оид ба ин мафҳум гардидааст. Барои бартараф сохтани ин раванди номатлуб пеш аз ҳама аз донишу малака ва таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бояд бурд. Чуноне, дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” омадааст: “Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ” мебошад. Дар солҳои охир таҷрибаи сиёсии экстремистӣ нишон медиҳад, ки 3 шакли зуҳури он дар ҷаҳон амал менамояд: Шуришангезӣ; Исён; Терроризм. Мафҳуми терроризм дар адабиёти гуногуни ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремистӣ мебошад, ки чунин шарҳ дода мешавад: - Террроризм – ин зуҳуроти вазнини иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноятиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ дар рушди ҷамъиятии кишварҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Вобаста ба масоили терроризм мутахассисон намудҳои гуногуни онро пешниҳод намудаанд, ки дар маҷмуъ ҳама хатарҳои ҷиддиеро дар худ ифода мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъалаҳои экстремистию террористӣ тайи солҳои охир хело нигаронкунанда ба чашм мерасанд. Чуноне, ки дар тули 4-5 соли охири зуҳуроти террористӣ маълум гардидааст, бештар гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мушоҳида мегардад, ки ин сатҳи пасти маърифати онҳоро дар шароити ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд: “Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ ба таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст. Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоият мехостам бори дигар ин нуқтаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне онҳо аввалтар аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатиии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд. Пас муборизаи мо бар зидди экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад”. Ин ҳама гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат бори дигар моро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандорию ватандустӣ алайҳи ин раванди номатлуб ҳамеша мубориза барем. Хуллас, саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи фарзандии ҳар фарди бонангу номуси кишвар, бахусус ҷавонон, ба шумор меравад. Қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин ватанро бояд донисту шукри истиқлол, шукри ободию зебоии онро кунем.

Файзализода БАҲРУЛЛО,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин