Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТУНДГАРОӢ АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ НАҲЗАТ ВА ГЕЙ24

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардидааст. Сиёсати давлатии кишвар ба он равона карда шудааст, ки тамоми шароит барои зиндагии бошарафона ва рушди озодии шаҳрвандон мавҷуд бошад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад. Ҷиҳати дигари муҳими сиёсати давлатӣ ин таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон мебошад. Зеро айни замон кишварҳои ҷаҳон дар пешоруи хатарҳои ҷиддии марбут ба терроризму ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб қарор доранд ва дар ин маврид Тоҷикистон низ истисно нест.
Бояд қайд кард, ки терроризм ва ифротгароӣ аз тундгароии динӣ бармеоянд. Аз ин рӯ, муайян кардани омилҳо ва сабабҳои сар задани тундгароии динӣ дар Тоҷикистон, инчунин андешидани тадбирҳо барои пешгирию бартараф намудани ин падидаи номатлуб ниҳоят зарур мебошад. Тундгароӣ, пеш аз ҳама, дар тағйирёбии нуқтаи назар ва рафтори одамони тундгаро ифода меёбад. Ин тағйирот дар худ қабул кардани нуқтаи назарҳо ва идеологияҳо, ҳамдардӣ ба иқдомоти шадид барои ҳалли мушкилоти таъйиншуда мегиранд; дар баробари ин, ҳама чиз дар ҷаҳон шуруъ мегардад ба тақсимшавӣ ба «сиёҳ» ва «сафед» ва барои гуфтугӯ ҷой намемонад.
Мавриди зикр аст, ик неруҳои хориҷии муайяни исломӣ мақсад доранд, ки равияҳои гуногуни исломро дар байни аҳолӣ таблиғ намоянд. Эмиссарҳои хориҷӣ, ки дастгирии хуби молиявӣ доранд ва ба таври муташаккилона омодагӣ гирифтаанд, ба фаъолияти оид ба ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба мазҳабҳо ва ҷараёнҳои динии худ машғуланд. ТЭТ ҳизби наҳзат, ки дар охири замони Шӯравӣ аллакай пинҳонӣ фаъолият дошт, ба амалҳо ва таблиғоти ошкоро дар байни аҳолӣ шуруъ кард. Доираҳои манфиатдори мазҳабӣ ва созмонҳои динии радикалии хориҷӣ низ аз чунин фурсат истифода карданд ва бо роҳбарияти ТЭТ ҳизби наҳсат ва рӯҳонияти мутаасиб робита барқарор карда, фаъолияти таблиғотии худро дар Тоҷикистон тавассути онҳо ба роҳ монданд. Авҷ гирифтани таассуб ва тундгароии динӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори он ба ҳама маълуманд. Яъне мо шоҳиди он гардидем, ки чӣ тавр дар як муддати кутоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ табдил ёфт, ки натиҷааш терроризм ва ҷанги дохилӣ буд.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Яке аз омилҳои асоситарини пайдоиши тундгароӣ ин таҳсили наврасону ҷавонон дар таълимгоҳҳои ғайрирасмӣ ва пинҳонии динӣ мебошад. Дар натиҷаи ба воситаи муллоҳои иртиҷоии мутаасиб гирифтани таълими динии нодуруст ҷавонон зери таъсири ин гуна муллоҳо меафтанд ва ба осонӣ ба шахси тундгаро мубаддал мегарданд. Ба ақидаи коршиносон, солҳои охир аз нав болоравии сатҳи диндории мардум ба мушоҳида мерасад. Афзоиш ёфтани шумораи намозгузорон дар масҷидҳои панҷвақта, тағйирёбии ному насаб ва намуди зоҳирии шаҳрвандон низ аломати ривоҷ ёфтани тундгароӣ аст.
Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон шумораи бештари тундгароён ин пайравони пинҳонкори равияҳои ифротии салафия ва наҳзтӣ мебошанд. Онҳо тарафдори исломи бунёдгароёна ҳисобида мешаванд, нисбат ба дину мазҳабҳои дигар ва дунявият оштинопазиранд. Онҳо воридшавии ҷараёнҳои фалсафӣ ба исломро намепазиранд. Тарафдорони равияи ифротии салафия ба таври қатъӣ муқобили дар Тоҷикистон таҷлил кардани ҷашнҳои мардумӣ-таърихии тоҷикӣ, мисли Наврӯз, Сада ва Меҳргон буда, инҳоро зартуштӣ ва бутпарастӣ меҳисобанд.
Бояд таъкид кард, ки тундгароӣ ба содир кардани амалҳои зерин равона гардидааст:
а) бо зурӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани ягонагии Тоҷикистон;
б) хароб кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) бо роҳи зурӣ ба даст гирифтани ваколатҳои ҳукуматӣ;
г) ташкили созмону ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ;
д) амалӣ намудани фаъолияти террористӣ;
е) дар ҷомеа барангехтани ихтилофи нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин ихтилофи иҷтимоии марбут бо зуроварӣ ё даъват ба зуроварӣ;
ж) паст задани шаъну шарафи миллӣ;
з) роҳандозӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои ҷиноятӣ дар асоси душмании ақидавӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ё дар асоси бадбинӣ ё душманӣ нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;
и) таблиғи баргузида будан, афзалият ё паст зании шаҳрвандон аз рӯйи мансубияти онҳо ба дин, мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ;
к) даъвати оммавӣ ба содир кардани фаъолияти нишондодашуда ё амалисозии фаъолияти мазкур;
Ба сифати сабабҳои пайдоиши зуҳуроти тундгароёна дар ҷомеа омилҳои зеринро ёдрас кардан зарур мебошад:
– пайдоиш ва ташаккули ба истилоҳ «омили исломӣ» (таблиғоти ақидаҳои ифротгароии динӣ дар байни одамон, хусусан ҷавонон, сафари ҷавонон барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ ва ҷалб шудани онҳо ба ташкилотҳои байналхалқии ифротӣ ва террористӣ);
– истифодаи шабакаи Интернет бо мақсадҳои зиддиқонунӣ (дастрасии ташкилотҳои ҷамъиятии тундгаро ба доираи васеи шунавандагон, таблиғи фаъолияти худ, имконияти ҷойгиркунии иттилои пурра дар бораи мақсадҳо ва вазифаҳои худ ва ғ.).
Бо мақсади пешгирии тундгароӣ, ҳамзамон кӯшиши назаррас ва воситаҳои молиявӣ ба таблиғи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, анъанаҳои маънавии тоҷикӣ, доир сохтани чорабиниҳои гуногуни дорои хусусияти тарбиявӣ, инчунин ба ташкили чорабиниҳои дилхушӣ, барномаҳои мусиқӣ ва ғайра равона карда мешавад.
Имрӯз дар кишвар рӯҳонияти расмӣ ба бурдани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон, «пешгирии таассубгароӣ, хурофот, ифротгароӣ ва маҳдудияти динӣ, инчунин ба мустаҳкамсозии ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ» равона карда шудааст.
Хулоса, самти сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо тундгароии аҳолӣ ва хусусан ҷавонон, бо дар назардошти ҳамаи омилҳои номбаргардида ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои охир мутобиқ гардондани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар маҷмуъ раванди афзоиши тундгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Аммо ин падидаи хатарнок ҳануз пурра аз байн бурда нашудааст. Аз ин сабаб андешидани тадбирҳои муассир ва ҷалби имконияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон мебошад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин