Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРӢ СУЛҲ ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён дорад. Ин гуна муносибати самимона, пеш аз ҳама, натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали оғоз намудани сарварии худ ба масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Ин аст, ки дар баромаду суханронӣ ва асарҳои сиёсии хеш дар мавриди арзиши сиёсию миллии истиқлолияти давлатӣ доимо ишора менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ба дараҷаи Пешвои миллӣ сабзидану расидан донишу хирад, маҳорат, таҷриба ва ҷуръату масъулияти фавқулоддаро тақозо менамояд. Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми душманон, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Эмомалӣ Раҳмон тули раҳбарӣ анҷом додааст, симати Пешвои миллатро ба ӯ ато фармудааст.
Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти раҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, муваффақ ва созанда буда, пеш аз ҳама ба беҳбудии зиндагии мардум ва ҳифзи манофеи миллӣ равона гардидааст. Бунёди НБО Роғун ва дигар иншооти энергетикию саноатӣ, роҳҳою нақбҳои сатҳи байналмилалӣ аз дастовардҳои ин сиёсат мебошанд. Ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон бархурдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан Эмомалӣ Раҳмонро дар байни аҳолӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидааст. Сарвари давлат новобаста аз масруфиятҳо ҳамеша бо мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон мулоқот мекунанд, аз ҷараёни зиндагии аҳолӣ бархурдор мегарданд, бо халқ қарину ҳамнафас ҳастанд. Зеро аз миёни мардум баромадаанд ва рисолати худро қабл аз ҳама хидмат ба мардум ва амнияту осоиштагии ҷомеа меҳисобанд.
Аз ҳама муҳимтар, оромиш, субот ва амнияте, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, далели дурустию хирадмандона будани сиёсати Пешвои миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин сиёсат мо фазои орому зиндагии обод дорем ва кишварамон дар ҳоли рушд кардан мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Маъмулан, ҳар замон, ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, шахсияти варзидае рӯйи кор меояд, ки миёни омма аз маҳбубияти вижа бархурдор буда, бо донишу хирад, маҳорату таҷрибаи сиёсӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, кишварро наҷот медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон айнан чунин шахсият ҳастанд ва ҳамчун Пешвои миллӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, дар масири ҳифзу тараққии кишвар муваффақ гардидаанд. Гузашта аз ин, бодахолати бадхоҳони миллат ва мудохилаи хориҷӣ ба амал омадани бетартибиҳои сиёсӣ воқеияти сиёсӣ мебошад ва онро дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ва дар ҳар давру замон мушоҳида намудан мумкин аст. Имрӯзҳо низ чунин дахолати хориҷиро дар кишварҳои гуногуни олам дар мисоли ташкил намудани инқилобҳои ранга, тазоҳуроти оммавӣ, ба амал баровардани табаддулоти давлатӣ, анҷом додани ҷангҳои иттилоотию психологӣ ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо дахолати хориҷӣ ба сари сокинони кишвар таҳмил гардидани ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти бебаҳс аст.
Аз ин лиҳоз, дар марҳилаи кунунии созандагии кишвар мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон садоқати бепоён дорад ва таҳти раҳбарии ӯ дар фазои сулҳу амният, ваҳдату ягонагии миллӣ барои рушду пешрафти Ватанамон талош меварзад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин