Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ХУСУСИЯТ ВА УСУЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БЕШАРАФОНАИ ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтаaнд, ки боиси аз байн бурдани давлатҳо ва халқу миллатҳо мегарданд. Ин хатарҳо дар шаклҳои гуногуни ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ амал намуда, вазъи ҷомеаро ноором ва сабаби қурбониҳои ҷонӣ мегарданд, ки умедро барои фардои нек канда менамояд. Имрӯзҳо мо амалҳои террористии ба монанди таркишҳо, гирифтани гаравгонон ва даҳҳо амалҳои мудҳишро бо воситаи ВАО мушоҳида менамоем, ки боиси марги мардумони бегуноҳ мегарданд. Маҳз ин тамоюлҳо дар замони муосир, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки яке аз равандҳои муосири ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад, ки дар асоси он ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал омадааст ва аз доираи давлатҳои алоҳида берун баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва сустгардидани мақоми арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва миллӣ бурда мерасонад.
Зуҳури экстремизм дар як ҷомеаи амн оқибатҳои ногувор дошта, дар зеҳни аҳли ҷомеа ҳисси ноумедӣ ва нобовариро ба фардои нек барҳам медиҳад. Пеш аз ҳама экстремизми сиёсӣ барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсӣ мубориза мебарад, хусусияти асосии он бо роҳи зӯрӣ баромад намудан дар муносибатҳои иҷтимоӣ, дар ҷомеа хатар эҷод намудан, ба меъёрҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқие, ки дар ҷомеа ҳукмрон аст муқобилият намудан ва ғайра мебошад.
Ҳамин тариқ, хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи экстремизми сиёсӣ аз он иборат аст, бо роҳи зурӣ дар муборизаи сиёсӣ комёб мегардад. Хусусияти дигари экстремизми сиёсӣ аз он иборат аст, ки дар ҷомеа хатар эҷод менамояд. Худ маълум аст, ки эҷоди харобкорӣ ва таҳдид дар ҷомеа ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Хусусияти дигари экстремизми сиёсӣ аз он иборат аст, ки дар равони ҷомеа, дар тафаккури шаҳрвандон ваҳму ҳарос ва нобовариро эҷод менамояд, ахлоқи ҷомеаро вайрон мекунад, ҷомеаро ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд ва муноқишаҳо ва норозигии қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба миён меорад.
Ҳамин тариқ, чуноне қайд кардем, имрӯз ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ, аз ҷумла ТЭТ “ҳизби наҳзат”, “Гурӯҳи 24” ё худ “Паймони зиддимиллӣ” ва “Ватандори Додоҷон А.” дар муборизаи сиёсӣ аз методу амалҳои бешарафонаи зиёдеро истифода менамоянд. Ин усулу методҳои бешарафонаро метавонем шартан “роҳҳо ё воситаҳои ба ҳадаф расидан” номгузорӣ кунем.
Методи аввал, яъне ҷисман ва зӯран нобуд кардани ҳарифи сиёсӣ, ташкилоти сиёсӣ ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ашёӣ мебошад. Дар раванди истифодаи ин усул ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ муборизаи яроқнок, шӯриши яроқнок, ба таври зӯрӣ забт намудани ҳокимият, пахш намудани ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсиро нисбати тарафи муқобил истифода мебаранд.
Дуввум бо роҳи тарсондан ва хавфу хатар ворид намудан ба ҳаёт ва саломатии одамон, ва нафароне, ки дар бозиҳои сиёсӣ шомил нестанд. Ба монанди куштори шахсиятҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таҳдид ва куштори одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, гирифтани гаравгонон ва ғайра. Ин усулро дар солҳои 90-ум ТЭТ “ҳизби наҳсат” истифода бурда буд ва имрӯз низ ҳадаф дорад, аз он амалиётҳои бешарафонаи худ баҳрманд гардад.
Сеюм роҳбарону пайравони наҳзатиҳову бистучориҳо ба таври ошкоро ва ё дар шабакаҳои интернет ба тарафи давлат, ҳукумат ва ё шахсиятҳои огоҳи миллӣ таҳдид мекунанд.
Ҳамин тариқ, ин шабу рӯз ТЭТ “ҳизби наҳзат”, “Гурӯҳи 24” ва ё дигараш барои ба мақсади ниҳоӣ расидан аз усул ва методҳои гуногун истифода хоҳанд бурд. Хусусан, чӣ тавре, ки мушоҳида дорем, дар шабакаҳои интернет сомонаву саҳифаҳо кушода, муқобили миллату давлати мо ғаразҳо, туҳматҳо ва таҳқирҳои густурдаро пахшу паҳн карда истодаанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин