Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

РОҲБАРОНУ ПАЙРАВОНИ НАҲЗАТӢ ДУШМАНОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД!

Ҷомеаи Тоҷикистон бо хиёнат ва хоинӣ бори аввал нест, ки рӯ ба рӯ мешавад. Хоинони Ватан доимо ба миллати тоҷик хиёнат кардаву дар тӯли таърих барояшон мушкилиҳои зиёд эҷод намудаанд. Хиради азалӣ ва фарҳанги бою ғанӣ ба миллати тоҷик имон додааст, ки доимо хоинони миллату ватанро шиносад ва худро аз шарри он эмин нигоҳ дорад.
Роҳбарону пайравони ТЭТ ҳизби наҳсат ҳамеша мақсади ба вуҷуд овардани ҷанҷолу хархаша, нооромӣ, бетартибӣ ва ҷангу ҷидолро дорад. Онҳо барои халалдор сохтан ва сиёҳ кардани номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ин нақшаҳоро тарҳрезӣ намуда, иғвову моҷарои навро амалӣ карда, ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ мехостанд, ки боз чанд муддат туҳмату иғво барангехта, нофаҳмиву нооромиро ба вуҷуд оранд.
Наҳзатиҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки низоъ барангехта, ҷаво они содаву бегуноҳро ба доми худ кашида, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Аз ҷавонону наврасони дунёбехабар, ноогоҳ ва ба гирдоби онҳо афтода террористҳои нав ба нав омода намуда, муқобили Ватани аҷдодӣ хиёнаткориву хоинӣ мекнанд.
ТЭТ ҳизби наҳзат чунин иғвову дасисаҳоро тарҳрезӣ намуда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст кардани шуда, худро дар назди хоҷагони хориҷиашон «ширин» нишон медиҳанд.
Кабириву Иқболак ва дигар ҳаммаслаконашон номи миллати тоҷикро доғдор намуда, имрӯзҳо худро ҳамчун террористу хиёнаткор ва ватанфурӯш муаррифӣ намуда истодаанд.
Ба назарам чунин амалҳои ноҷавонмардона ва иғвоангези онҳоро мардуми огоҳи тоҷик сахт маҳкум намуда, намегузоранд, ки монанди ҷанги шаҳрванди соли 1992, ки то ҳол аз ёдҳо нарафтаасту 150 ҳазор нафар қурбони дасисаву иғвогарӣ шуда, беш аз 1 миллион нафар гурезаву фирорӣ гардиданд, ба Ватани аҷдодии мо нохалафе пойи номуборакашро гузорад ва нооромӣ эҷод намоянд.
Ҳар як сокини бедордил ва ватандӯст ин гуна ҳолатро метавонад ба осонӣ мушоҳида намояд. Замоне фаро расидааст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба хотири ҳифзи давлату миллат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дӯстро аз душман шиносад. Ҳизби наҳзати исломӣ ва наҳзатиёни хоин ҳеҷ гоҳ дӯсти миллати тоҷик буда наметавонанд ва барои решакан намудани фарҳанги миллати тоҷик ва аз байн бурдани оромии Тоҷикистон то охирин нафаси худ мубориза мебаранд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин