Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН
Ҷаҳони муосир бо вуҷуди ин ҳама пешрафту инкишофи худ аз мушкилиҳо ва падидаҳои манфиву хатарафзо ва таҳдидҳои харобиовар холӣ нест. Манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, зиддияти байни давлатҳо ва муносибати бешууронаи инсон ба табиат, боиси он гардидааст, ки дар ҷаҳон ҳар гуна хатару ҳодисаҳои номатлуб ба амал оянд.
Асри XXI-ро мушкилот ва таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ҷаҳони муосир тарзе намудор мегардад, ки ҳар як фардро водор месозад, то оиди воқеиятҳо андешае намояд. Бо вуҷуди он, ки ҷаҳони имрӯза дар як зинаи баланди тараққиёт ҷой дошта бошад ҳам, дар баробари ин, хатару таҳдидҳои зиёде ҷой дорад, ки ҳар лаҳза метавонад хосияти манфии худро ба оламиён ба вуҷуд биёрад.
Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ ва об, фурӯши ғайриқонунии одамон, касалиҳои сирояткунанда ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд.
Терроризм – яке аз шаклҳои навини таҳдиди ҷаҳонӣ мебошад. Терроризм аз забони лотинӣ (terror-тарс, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охири асри XVIII ҳангоми Инқилоби Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимияти давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст. Имрӯзҳо якчанд навъҳои терроризмро нишон медиҳанд, ки ҳар як навъи он метавонад ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дошта бошад, аз қабили терроризми сиёсӣ‚ терроризми миллатгароӣ‚ терроризми динӣ‚ терроризми технологӣ, терроризми кибернетикӣ ва ғайра.
Ҳоло дар ҷаҳон шумораи зиёди ташкилотҳои террористӣ ба қайд, аз қабили «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-Қоида», «Толибон», «Бардорони мусалмон», «Лашкари Тайиба», «Ҷамоати таблиғ», «Созмони Таблиғот», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Салафия» ва ғайра гирифта шудааст.
Месазад қайд намуд, ки муборизаи аввалинро бар зидди терроризм Лигаи Миллатҳо соли 1937 дар асоси қабули Конвенсия «Оиди пешгирии терроризм ва муҷозот барои амали террористӣ» ба миён оварда буд. Вобаста ба ин падидаи номатлуб, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз менамояд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.” Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”.
Дар маҷмуъ бояд гуфт, олами муосирро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин таҳдидҳо ҳамарӯза чораҳо меандешад. Дар ин росто ҳар яки моро мебояд дар мубориза бар зиди ҳама зуҳуроти хатарзо кӯшиши доимӣ дошта бошем ва сулҳу оромии кишварро пойдор нигоҳ дорем.
Қиматгул ҶАБОРОВА,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин