Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКТСРЕМИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

 

Дар муборизаи зидди гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки ягон давлат гуруҳҳои ҷудоихоҳӣ дар дохили мамлакати худ амалкунандаро гуруҳҳои террористӣ эълон месозад ва ба рағми онҳо мубориза мебарад, ҳамзамон дигар давлат мекӯшад то онҳоро ба манфиати худ истифода намояд. Новобаста аз ин, ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд.

Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Аввалин кӯшиши мубориза ба муқобили терроризмро Лигаи Миллатҳо соли 1937 дар асоси қабули Конвенсия “Оиди пешгирии терроризм ва муҷозот барои амалиёти террористӣ” ба миён оварда буд. Соли1985 бошад, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид изолятсия “Дар бораи терроризми байналхалқӣ”-ро ба тавсиб расонид.

Бо рӯйдодҳои 11 сентябр вазъи сиёсии ҷахон ба куллӣ тағир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Мубориза алайҳи терроризм агарчӣ сард нест, вале ба “ҷанги сард”, ки то соли 1991 идома дошт, шабоҳат дорад.

Мутаассифона гоҳо ҷараёни мубориза бо терроризм, ки солҳои охир сурат мегирад, ба назар чунин мерасад, ки он як навъ мубориза бар зидди ислом бошад. Аз равиши воқеаҳо дида мешавад, ки он як навъ мубориза алайҳи ислом, ҳаракатҳои исломӣ ва кишварҳои исломист. Дар зери шиори мубориза алайҳи терроризму экстремизм мубориза алайҳи ислом нуҳуфта аст.

Солҳои охир дар кишварҳои ИДМ амалҳои мушаххасе баҳри мубориза бо терроризм ва экстримизм сурат мегиранд. Хуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқие қабул мегарданд, ки ба сифати санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шинохта мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ байни давлатҳои аъзои он вусъат меёбанд. Ҳатто маркази ягонаи муборизаи зидди терроризм ва экстримизм (соли 2000) таъсис дода шудааст, ки он дар асоси аҳдномаи байни кишварҳои ИДМ аз моҳи июни соли 1993 оиди муборизаи муштараки зидди экстремизм-терроризм фаъолият дорад.

Мубориза бо терроризм дар сатҳи дохилидавлатӣ бо роҳи огоҳ кунонидани мардум ва пешгирӣ намудан ба амаилиёти террористӣ сурат мегирад. Роҳи берунаи мубориза бо терроризм ба василаи қабули созишномаҳо ва ҳамкории давлатҳо сурат мегирад.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалқӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мондааст. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм ва экстремизм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва қонун “Дар мубориза бар зидди экстремизм” сурат мегирад. Дар қонунҳои мазкур субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Қонунҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таҳияшуда аз ҷониби давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хосияти шахшуда надошта, онҳо метавонанд, вобаста ба навъҳои зуҳури терроризм ва экстремизм сатҳи таъсири он ба ҷомеа, тағйир ва такмил ёбанд.

Мунира НАЗИРОВА,

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин