Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Терроризму экстремизм-истилоҳи хатарзо!

 

Терроризму экстремизм яке аз падидаҳои манфури ҷомеаи муосир ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо, якпорчагию тамомияти арзӣ ва дар маҷмӯъ мавҷудияти давлатҳо дар сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Тибқи таҳлил терроризму экстремизм дар заминаи ташаккули муқовимати фикрӣ ва гуногунандешии тунди сиёсӣ дар ҷомеа зуҳур карда, ба дунболи он паёмадҳои нохушоянди таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимияти сиёсӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ дилхоҳ ҷомеаро таҳдид менамояд.

Мусаллам аст, ки чунин падидаҳои хатарзо инсониятро дар тули таърих ҳамроҳӣ намуда, рӯз то рӯз шаклу усулҳои навро касб менамояд. Назари олимону муҳаққиқон дар шарҳи маънии терроризму экстремизм гуногун буда, зиёда аз 120 назару шарҳ дар мавриди шинохти ин ду вожа аз ҷониби онҳо ба маърази фаҳмиши ҷомеа пешниҳод мешавад, вале муҳим аз ҳама терроризму экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб ва омили бесуботӣ дар ҷомеа ҳамчун вожаҳои хатарзою ваҳим аз ҷониби кулли мардуми сайёра шинохта мешавад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ қайд менамоянд, дар арсаи ҷаҳонӣ то ба ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм»-у «экстремизм» вуҷуд надорад ва аз ҳама ташвишовар он аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар бисёр маврид зери ниқоби шиору арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии инсонҳо таъсир мерасонанд. Яъне ақидашӯӣ бо истифода аз аркоми шариати исломӣ асоси фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистиро дарбар гирифта, бисёр инсонҳо, махсусан ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯи террористӣ меафтанд.

Дар шароити ҳассоси ҷомеаи муосир ва рӯз то рӯз хатари афзоиши таниши сиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат дар заминаи тақсимбандии ҷаҳони тақсимшуда бозори ташкилотҳои террористию экстремистиро гарм сохта, барои ноором сохтани вазъ дар дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон пайти муносиб меҷӯянд.

Кишвари маҳбуби мо-Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ аз оқибатҳои фоҷеабори истилоҳи терроризму экстремизм дар амон нест ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб аз ҷониби ҳар як нафар сокини ватандӯст масъулияти дучанд ва матонату мардонагии доимиро тақозо мекунад. Махсусан бесуботию ноамнӣ дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон ба ҳайси лонаи терроризму экстремизм ҷойгоҳ доштани гурӯҳҳои даҳшатафкан дар ин кишвар аз ҳар як ҳамватан ҳушёрию зиракии сиёсиро тақозо намуда, зарурати ҳамкорию ҳамгироии доимиро бо сохторҳои низомию амниятӣ ба миён мегузорад.

Ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар марзи давлатӣ бо ин кишвари ҷангзада ва хунсо кардани қочоқбарону гурӯҳҳои тарнсмиллии террористӣ аз ҷониби сохторҳои амниятию низомӣ баёнгари он аст, ки гурӯҳҳои даҳшатафкан аз ҳисоби зодагони кишвари мо дар он сӯи марз дар фикри нооромсозии вазъи сиёсӣ дар кишварамон мебошанд.

Мусаллам аст, ки мардуми бумӣ дар муқобили андеша ва амалҳои тахрибкоронаи онҳо ҳамчун садди боэътимод бо сохторҳои амниятию низомӣ ҳамкории густурда доранд, вале мутаассифона ҳолатҳои ҳамкории бархе аз шаҳрвандони кишвар бо доираҳои гурӯҳҳои даҳшатафкану трансмиллӣ моро водор месозад, ки дар муқобили хоинону асолатбохтагони Ватан ба хотири осоиштагию пешрафти кишвар муборизаи беамон барем.

Мардуми Тоҷикистон, ки имсол аз 32-солагии истиқлоли давлатӣ дар муҳити орому осуда аз ин ҷашни таърихӣ таҷлил менамоянд, ба ҳеҷ ваҷҳ дигар хостгори нооромию бенизомӣ дар ҷомеа нестанд ва мо ҳамагон ба хотири оромию якпорчагии Тоҷикистон ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу тифоқ кору пайкор хоҳем кард.

Т.Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин