Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

«МАГАР БЕТАФОВУТ НАБУДАН БА ТАҚДИРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ» АЗ ТАГИ НОХУН ЧИРК КОФТАН АСТ?

 

Дастовардҳои Тоҷикистон самараи корномаҳои Пешвои миллат аст, ки аз касе пинҳон нестанд.

Бознашр аз khovar.tj

Истиқлоли Тоҷикистон баъди ҳазорсолаҳо ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта расмият пайдо намуд. Аммо маънову рисолати ҳақиқиву воқеии худро пайдо намудани Истиқлол ва дарёфти озодии милливу сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаи мушкилоти хорошикан ва фоҷеаҳои хунин рӯ ба рӯ омад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷомеаи Тоҷикистонро дар таъйиди сарнавишти хеш дар кӯчаи бунбасте қарор дод.

Ба бахти миллати тоҷик мардум абармардеро ба роҳбарӣ баргузиданд, ки афзун бар истеъдоди нодири давлатдорӣ саропои вуҷудаш бо эҳсоси муқаддаси меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва халқпарварӣ ороста ва аз ҷамеи тасмиму ибтикорҳои ӯ дурахши ормонҳои миллии тоҷикон падидор буд. Достони рӯзгор ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарвоқеъ ҳамосаи бузурги эҳё ва таҷаддуди миллати куҳанбунёди тоҷик дар оғози ҳазорсолаи сеюми мелодӣ маҳсуб мешавад.

Барои камина, шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша намунаи ибрат ва оинаи пайравӣ буд. Мо дар ин мактаби бузурги роҳбарӣ сабақҳои бебаҳо андӯхтем, ки чароғи раҳнамои фаъолияту зиндагӣ буд. Барҳақ, тамоми дастовардҳои мо дар ин масир ба шарофати ин мактаби бузурги сарварӣ аст.

Гоҳо ба худ фикр мекунам, ки чӣ фазилатҳои барҷастаеро инсон бояд соҳиб бошад, ки то бад-ин поя бирасад. Вақте перомуни корномаҳои сарнавиштсози Сарвари давлат андеша меронам, вижагиҳое дар симо ва сирати Сарвари давлат мебинам, ки танҳо хоси теъдоди ангуштшуморе аз бузургон аст:

Пешвои мо ба боварҳои худашон имони мустаҳкам доранд

Пешвои миллат бо эътимоди комил ба Ҳақ, ба халқ ва ба худ ба қадамҳои гузоштаи худашон дар ҷодаи сиёсат собиту устувор ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ба мавқеъ ва тасмимҳои худ заррае шакку тардидро роҳ надодаанд ва пешорӯйи таҳдиде, ки пайомади он барои миллат ва давлат хатар дорад, ҳамеша ҷон дар кафи даст ба майдони муборизаҳо баромадаанд. Президент дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлат ва миллатро ба манфиатҳои дигар, хосса бар манфиатҳои худ тарҷеҳ ниҳода, ба ҳамсафону пайравони худ ангеза ва илҳоми азим мебахшанд. Аз интихоботи нахустин- Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар мураккабтарин марҳала зимоми давлатдорӣ ба зиммаи Пешвои миллат вогузор шуд, Сарвари давлат ягона роҳи саҳеҳро, ки миллатро аз вартаи заволу нобудӣ наҷот медод ва ояндаи рушди онро муайян менамуд, интихоб намуданд. Дар заминаи як давлати фалаҷшуда, ки идеологияи воҳид надошт, давлати нави соҳибистиқлол таъсис ёфт, ки ғояҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бо тамоюли миллӣ пайгирӣ менамуд. Баъд аз солҳои тӯлонии талошу ҷонфидоиҳо собит шуд, ки ин роҳ ягона роҳи наҷоти давлат ва миллат буд, ки барои рушди бесобиқаи он заминаҳои устувор гузошт.

Интихобҳои бузург, ояндасоз ва мондагори Президент

Дар тамоми тасмимҳои худ ҳамеша корҳои бузург ва таъсиргузорро интихоб менамоянд. Бузургтарин интихоби Пешвои миллат аз худ гузаштагӣ аст, ки ҳадафи он беҳбуд бахшидан ба зиндагии дигарон аст.

Чун таърихи Тоҷикистони пеш аз истиқлол ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар тарозуи муқоиса баркашем, ба назар мерасад, ки бузургтарин тарҳҳое, ки дар он даврон бо ҳама иқтидори мавҷудаи давлати абарқудрати Шӯравӣ амалӣ нашуд, дар замони Истиқлол бо шарофати роҳбарӣ ва корсозиҳои оқилонаву пайгиронаи Пешвои миллат ба беҳтарин ваҷҳҳо ба анҷом расиданд. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқии аср: «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», силсилаи нақбҳо, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки дар мураккабтарин давраи ташаккули давлатдории нав қомат афрохтанд, танҳо интихоби шахсе буда метавонист, ки дорои истеъдоди ҷибиллӣ ва дили бузург аст.

Дорои як чашмандози возеҳ ва рӯшан

Роҳбари бузурги мо чашмандози рӯшане доранд, шуҷоъ ҳастанд, садоқат, фурӯтанӣ ва афкори рӯшану возеҳ аз вижагиҳои хоси сиришти ин тоҷики оламшумул аст. Дар ҳалли масъалаҳои мураккаби байналмилалӣ ва дохилӣ нақши барозанда доранд ва ба ҳайси як барномарези стратегӣ дар ақсои олам эътироф шудаанд.

Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ муҳимтарин масъалаҳоеро, ки ба раванди сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ба миён гузоштани масъалаи мушкилоти оби нӯшиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯз аз ҷумлаи проблемаҳои доғ ва калидии ҳастии бани башар аст, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мамлакатҳои нерумандро ба ин масоил ҷалб намуда, боиси таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои фаромиллие гардиданд, ки наҷоти миллионҳо нафар сокинони сайёраро дар ҳадаф дорад.

Инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, даъват барои расидагӣ ба қазияи пурмоҷарои Афғонистон, ки бар асари саҳлангорӣ ва ғаразҷӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳоди давлатҳои исломию минтақавӣ имрӯз ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид дорад, далели чашмандози возеҳи Президент ба воқеияти буғранҷ ва печидаву мураккаби байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат қарор дошта, боло бардоштани мақоми занон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва дар маҷмуъ, оиларо, ки дар бунёд ва рушди ҷомеаи нав нақши бунёдӣ доранд, дар заминаи қабули барномаҳои давлатӣ ҳамеша пайгирӣ менамоянд.

Баёни ин нукта муҳим аст, ки барои Роҳбари давлат шудан бархӯрдор будан аз вижагиҳои шахсӣ барои як фард кофӣ нест. Роҳбар бояд фарди бисёр масъулиятпазир бошад. Президент сиёсатмадоре аз навъи хос аст, сиёсатмадоре, ки зиндагии миллионҳо нафар ба тасмимҳои ӯ бастагӣ дорад. Бояд набзи замон ва набзи мардумро дарк ва эҳсос намуд. Пешвои мо, ки аз коргари одӣ то ба мақоми олии роҳбарӣ бо заҳмати хастагинопазир ва садоқати бепоён ба марзу буми аҷдодӣ роҳҳои пурпечутобро тай намудаанд, беш аз ҳар нафаре дар шинохту идроки набзи ҷомеа, набзи замон ва набзи ҷаҳон басират доранд.

Президенти маҳбуби мо аз зумраи роҳбарони ангуштшуморанд, ки сарварии як давлати муфлис ва фалаҷшударо бо камоли ҷасорат ба зимма гирифта, бо хидматҳои бузурги таърихӣ барои ба ҷумҳурии пешрафта табдил ёфтани Ватани азизи мо нақши ҷовидона мегузоранд. Бо шарофати ҷоннисориҳо ва азхудгузаштанҳои Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз мамлакатҳои рӯ ба рушд бо амният ва фазои ороми сиёсиву иҷтимоӣ маъруфият дорад.

Аммо на ҳама ва на ҳамеша дарк менамоянд, ки Роҳбари давлат як мақоми ифтихорӣ нест, балки рисолате аст басе сангину хорошикан, ки аз инсон дар ҳама ҳолат фавқулода буданро тақозо дорад, зеро масъулияти буду набуд ва сарнавишти мулку миллат бар дӯши ӯст. Ҳар фард наметавонад чунин бори сангинро рӯйи шонаҳои худ бардорад. Президент на танҳо роҳбари як давлат, балки кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фазои ороми сиёсӣ, рушди иқтисод, соҳаҳои иҷтимоӣ, масъули фаъолияти бонизоми сиёсати хориҷӣ ва дохилии мамлакат аст.

Бо вуҷуди иддаои ғаразнок ва дурӯғину иғвоангези бадхоҳони миллат, ки манфиатҳои гурӯҳии худро фарози манофеи миллӣ мегузоранд, чун офтоб рӯшан аст, ки Роҳбари раҳнамои мо дар маслаки сарварӣ ва ҷамеи фазилатҳои хуҷастаи худ, ки ёд кардем, хеле муваффақ ва беназир мебошанд. Дар ҳоли зарурат ба таҳдидҳои замони муосир, ки чӣ аз хориҷ ва чӣ аз дохил мехостанд бо ноором сохтани вазъи ҷумҳурӣ, онро ба вартаи нобудӣ кашанд, ҷавонмардона мубориза мебаранд. Ба хотири фазои ором ва суботи сиёсии мамлакат, ба неруҳои мухолифу муқобили миллат, ки бо таҳрики кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор ба таври пинҳониву ошкоро саддҳо мегузоштанд, дасти оштӣ дароз намуданд ва ба мамлакати азияткашидаи мо паёми сулҳу ваҳдатро оварданд.

Вале гурӯҳҳои иртиҷоӣ қадри ин неъмат, ҳаёти осоишта дар фазои амну озодро надонистанд ва ба хотири расидан ба қудрат ба пиёда кардани ғояҳои мутаассибонаи худ идома доданд, ки ба туфайли тадбирҷӯиҳои оқилона ва ҷасуронаи Президент ин хатари офатбор аз миён бардошта шуд.

Халқи тоҷик, тоҷикони ҷаҳон ва сиёсатмадорони барҷастаи муосир бидуни шакку тардид иқрор шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти истисноӣ ва қаҳрамони миллӣ мебошанд. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ барои миллати мо хидматҳои мондагор намуда, миллатро аз парешониву нобудӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додаанд. Зери роҳбарии он кас пояҳои устувори давлатдорӣ эҳё гардида, нахустин Конститутсия, ки кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст, аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шуд. Арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу таърихӣ ва мазҳабии ҷомеа ба суннат табдил ёфт, ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти ғизоӣ таъмин шуд. Имрӯз мо дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона зиндагӣ дорем ва ҳамчунон, ки Пешвои миллат ҳидоят доштанд, бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз низ теъдоде аз шаҳрвандони мо, ки ба шарофати амнияти ҷамъӣ ва фароҳам будани ҳуқуқу озодиҳои фард дар ҷомеа, рақобати баробар дар тиҷорат ва шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакати азизамон ба ҳайси шахсони муваффақ шинохта шудаанд, ба иштибоҳҳои ҷиддӣ, ки паёмадаш метавонад хиёнат ба миллату давлат бошад ва оташи нифоқ барангезад, роҳ медиҳанд. Аз ҷумла, гоҳу ногоҳ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ва китобу китобчаҳо матолиби иғвоангезе пахш ва нашр намуда, мехоҳанд сару савдое эҷод намоянд, вале ҳадафи аслии онҳо ба ҷуз коштани тухми адовату бадбинӣ, ки решаи ҳама бадбахтиҳо аст, дигар чизе нест.

Чунин тоифа бе ҳеҷ шакку шубҳа душманони хонагие мебошанд, ки аз нону намаки халқ сармоя андӯхтаанд, бо истифода аз имконоту заминаҳое, ки Роҳбари давлат муҳайё намудаанд, молу мулки ҳангуфт ба даст овардаанд ва акнун ба кӯрпаи хеш нигоҳ накарда, пой дароз менамоянд. Мардум дуруст фармудаанд, ки фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад. Ин кирдори нангин на фақат пайомади кӯтоҳандешиву носипосӣ аст, балки об рехтан ба осиёби душманони миллати тоҷик низ мебошад. Яке аз чунин таълифот китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман»-и соҳибкор Абдухалил Холиқзода мебошад, ки чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу мунозара қарор гирифта буд. Дар назари аввал навиштани хотираву ёддошт, бардошт аз сабақи зиндагӣ кори ҳар рӯзгордидаву таҷрибаандӯхта аст ва он бояд бидуни ғараз, бо бардошти оқилона аз сабақи рӯзгор, бе таҳмили иҷбории андешаву хулосаҳои субъективонаи худ ба сари хонанда таълиф шавад. Вале, мутаассифона, ин муаллифи «ҳамадон» нисбат ба бисёре аз масоилу ҷурмҳои ҷузъии дар рӯзгор ҷойдошта «ҳалномаи якрӯяи хешро» бароварда, ҷомеа ва болотар аз он миллату давлатро гунаҳкор намудааст.

Таҳлилу ташхиси комили андешаҳои ин муаллиф кори мақомоту марказҳои дахлдор аст, мо танҳо чанд андеша ва ё хулосаи ӯро, ки бағоят муғризона аст, мисол меоварем. Аз ҷумла, ӯ менависад: «Яке аз сабабҳои асосии харҷу марҷ дар кишвар парокандагии миллат аст, давлат гӯё ин мушкилро дарк карда, шиорҳоеро, аз қабили «Ваҳдат асоси субот аст» ва амсоли инҳо рӯйи даст гирифтааст. Вале дар асли ҳол ваҳдати миллӣ танҳо бо ҳамин шиорҳо хатм мешавад ва ба воқеият табдил нашудааст» (саҳ. 46). Ҳол он ки раванди сулҳу оштӣ ва фарҳанги ваҳдатофарии ҷумҳурии соҳибистиқлоли тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабул қарор гирифтааст.

Ваҳдати миллӣ асоси ҳастӣ ва пешрафтҳои азиму ифтихорангези Тоҷикистони кунунӣ аст, ки бузургтарин дастоварди давлатдории Президент ва миллати тоҷик аст, дастоварде, ки ба мардуми бостонӣ ва ҷафодидаву азияткашидаи тоҷик умри дубораи таърихӣ бахшид. Таассуб дар маҳаллу минтақа ва қавмияту қабилаҳои сокини мамлакат як амали огоҳонаи тафриқаангези душманони миллати мо мебошад. Онҳо донистанд, ки то ваҳдати миллӣ дар ҷомеа побарҷо аст, ҳеҷ газанде ба давлати тозаистиқлоли мо нахоҳад расид. Барои нифоқангезиву иғвогарӣ ин муғризони каҷбину каҷният, ки афроди ноогоҳу камогоҳи ҷомеаро ҳадафи тири худ қарор додаанд, аз ҳеҷ роҳу воситае рӯ намегардонанд. Муаллифи ин китоб ҳам яке аз онҳое аст, ки чун «шиорзанҳои адолатхоҳ»-и ибтидои солҳои навадуми асри гузашта (онҳое, ки Тоҷикистонро ба коми офату бало кашида буданд) бо шиорзаниҳои авомфиребона хонандаро гӯл задан ва дар ниҳоди онҳо оташи кинаситезии маҳалливу қавмиро афрӯхтан мехоҳад. Ҳаққо, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.

Бар замми ин, роҳи ягонае, ки имрӯз амният, оромиш ва пешрафти Ватани азизи моро фароҳам меоварад, пайравии комил аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми ҷумҳуриро муттаҳид ва ваҳдати миллиро устувор намуд.

Ҳар нафаре бо нияти хайр ва дилу дидаи бедор, ки ба миллату меҳани худ муҳаббати садоқат дорад, бешак, пайраву муборизи сиёсати ҳаётофарини ваҳдати миллӣ хоҳад буд, ки хушбахтона, аксарияти ҷомеаи моро фароҳам меоваранд ва сипари боэътимоде мебошанд, ки пеши роҳи тирҳои заҳрогини иғвогарони хонагиву аҷнабиро хоҳанд баст.

Муаллифи китоб ҳамчун «қозии давр» ба ҳама камбудию норасоиҳои ҷузъиву фаръӣ ва ё аз тарафи шахсони алоҳида бавуқуъомада, ки дар роҳи пешрафти ҷомеа дар баробари дастовардҳои сарнавиштсоз ногузир мебошанд, давлату миллат, низоми идоракуниро гунаҳгор медонад. Дар бахши «Соҳибкорӣ»-и китоб (саҳ.96-100) дар заминаи чанд ҳодисаи кӯчак хулосаи қатъӣ бароварда, менависад, ки имрӯз ҷомеаи мо ва низоми иқтисодӣ аз он фарҳанги сармоядорӣ фарсахҳо фосила дорад». Муаллиф, ки худ соҳибкор аст, хуб медонад, ки фарҳанги сармоядорӣ ва низоми имрӯзаи иқтисодии давлати мо ҳамагӣ таърихи беш аз бистсола дорад. Вале, Роҳбари давлат тавассути таҷаддуди оқилонаи низоми идорӣ ва қонунгузории мамлакат дар ин муддати кӯтоҳ ба ӯ ва ӯ барин соҳибкорон имконият фароҳам оварданд, ки фаъолият намоянд ва соҳиби сарвату дороиҳои зиёд гарданд.

Ин рафтори дур аз ахлоқу ҷавонмардӣ ба теъдоде аз бадхоҳони миллат, ки дар бағал санги кинаситезиро пинҳон намудаанд, имкон медиҳад, ки бори дигар номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба чолиш кашанд. Оё ин носипосӣ ба Ватан, миллат ва ҷоннисориҳои Роҳбари муаззами давлат нест, ки фазои мусоидро барои рушду пешравии тамоми ҷомеа, бахусус соҳибкориву тиҷорат муҳайё намудаанд?

Чунин хӯрдагириҳо, айбномаҳо, нодида гирифтани дастовардҳои замони истиқлол қариб дар ҳар бахши китоби ин соҳибкор мушоҳида мешавад. Худи муаллиф мақсади таълифи китобашро дар он мебинад, ки «натавонистааст ба тақдири миллату кишвараш бетафовут бошад» (саҳ. 283). Аммо ӯ бехабар аз он аст, ки таълифи муғризона, нуқсҷӯйӣ, дар симои як ё чанд нафар баҳо додан ба миллату халқ, ё мардуми минтақа омили пешравӣ ва рушди ҷумҳурӣ намегардад, баръакс, боиси парокандагию нооромӣ ва тафриқаандозӣ хоҳад гашт.

«Магар бетафовут набудан ба тақдири миллату давлат» аз таги нохун чирк кофтан, иғво барангехтан, мардумро ба муқобили ҳам шӯронидан, қавмеву маҳаллеро носазо гуфтану таҳқир намудан ва коштани тухми кинаву адоват дар байни мардум аст? Мардуме, ки баъд аз ҳазор сол давлатдории худро эҳё намуд!

Алҳазар аз ин «ғамхорону дилсӯзон»-и давлату миллат!

Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохил ва хориҷи мамлакат, ки самараи корсозӣ ва корномаҳои тақдирсози Пешвои миллат аст, чунонки офтобро бо доман пӯшонда намешавад, аз касе пинҳон нестанд. Ҳамчунон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, дар роҳи бунёд ва пешрафти давлатдорӣ мушкилоту норасоиҳо ҳамеша мавҷуд мебошанд, ки онҳоро бояд бо заҳмати аҳлона, бо ҳусни иродат ба ҳамдигар ва ҳадафҳои муқаддасу ормонии мардум, бо тарҷеҳ ниҳодани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бартараф намоем. Дар ин ҷодаи бемисли созандагӣ бояд ба неруи бозуву ақлу заковати худ, ба иттиҳоду ваҳдати ҷомеа такя намоем. Ҳеҷ касе аз берун Ватани моро обод нахоҳад кард. Ин ҳидоят низ чун ҷамеи пайкорҳои ояндасоз ва фардоафрӯзи Пешвои муаззами миллат панди бузурге аст, ки ҳамагон ба гӯши ҷон бояд бишнаванд ва ба шохи дарахти танаворе, ки дар он парвариш ёфтаву ошён ниҳодаанд, табар назананд.

Хайриниссо ЮСУФӢ,

муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин