Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИСТИҚЛОЛИЯТ САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ АСТ!

 

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллату давлат маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи имрӯзу ояндаи кишвар барои эъмори ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона гузошта шуданд. Маҳз бо шарофати истиқлолият барои тамоми мардуми мо имконият фароҳам омад, ки дониш қобилият ва маҳорати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд ва номи Тоҷикистонро бо маҳорату малака ва сатҳи ҷаҳонбинӣ баланд бардоранд.

Истиқлолияти давлатӣ зиндагии мардуми тоҷикро боз ҳам рангинтар кард, зеро дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти хурду бузург барои манфиати миллату давлат сохта шуда, мавриди истифодаи умум қарор гирифтанд.

Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати мо оғози марҳилаи сифатан нави рушдро фароҳам оварда, бунёди давлатеро заминагузор шуд, ки манфиатҳои мардумро дар доираи риояи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва такя ба арзишҳои миллию фарҳангӣ њимоя месозад. Истиқлолияти давлатӣ нишони ҳуввият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат аст. Истиқлолият ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст омаданд. Дар баробари ин, истиқлолият дар назди мардуми тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу суббот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагию бунёдкориҳо ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории мутақобиларо барқарор намуд. Тоҷикистон дар доираи истиқлоли комили сиёсӣ узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмиллалию минтақавӣ гашт, ки ин рӯйдодҳои таърихӣ дар оянда бобати рушди бемайлони хоҷагии халқи мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.

Бинобар ин моро мебояд, ки ба дарки аслии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфаҳм равем ва бобати иҷрои рисолати бузурги ватансозӣ ва рушду пешрафти кишвари маҳбубамон тамоми саъю кушиши созандаро мавриди иҷро қарор диҳем. Зеро Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ватани маҳбуби ҳар яки мост ва дар рушду пешрафти он мо ҳамагон муваззафем, ки саҳмгузор бошем.

Зуҳро, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин