Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИФТИТОҲИ ЧОЙХОНАИ "БОБОИ ХУДОЁР" ВА МАҒОЗАИ ХУРОКВОРИИ "ҒАНӢ" ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Рӯзи 9- сентябри соли 2023 дар доираи таҷлил аз ҷашни 32-солагии Истиқлоли миллӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки ваколатдори намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сардори хадамоти PR-и Департаменти иттилооти Ҷамъияти саҳомии кӯшодаи ширкати "Алюминии тоҷик" Юсуф Талабов, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мероҷ Санонович чойхонаи замонавии "Бобои Худоёр " ва мағозаи хӯроквории замонавии "Ғанӣ" бо хизматрасонӣ дар сатҳи хуб барои сокинони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Аснои шиносоӣ масъулин аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори хушнудӣ намуданд. Дар маркази савдои "Ғанӣ" 2 нафар ва дар чойхонаи "Бобои Худоёр" 5 нафар ба ҷойи корӣ доими таъмин гардиданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин