Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАНТАНАИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Рӯзи 9 сентябри соли 2023 дар майдони варзишии "Бахтиёри Шамс" -и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки ваколатдори намояндаи домии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Шамсиддин Шоҳин сардори хадамоти Департаменти ҶСК Ширкати "Алюминийи Тоҷик" Юсуф Талабов, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мероҷ Санонович ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ,ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки аҳли заҳмати ноҳия ба мараз гузошта буданд, дидан намуданд.

Дар давоми чорабинӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада, оид ба аҳамияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ сохтмони 216 иншооти таъиноташон гуногунро ба нақша гирифтааст, ки то ба имрӯз қисмате аз он мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Сипас сардори хадамоти PR-и Департаменти иттилооти ҶСК Ширкати Алюминийи Тоҷик Юсуф Талабов табрикоти намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Директори генералии ҶСК Ширкати Алюминийи Тоҷик Шӯҳрат Шарифзодаро ба самъи мардуми ноҳия расонид.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҳисоби ҳунармандони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин консерти идона пешкаш намуда, хотири сокинони ноҳияро шод намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин