Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ТОЛОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

 

Рӯзи 9 сентябр соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки ваколатдори намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сардори хадамоти департаменти иттилооти корхона Юсуф Талабов, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Меъроҷ Санонович бахшида ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо маъруза баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ин санаи фархунда муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Ҳамчунин мавсуф аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ёдовар гардида, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат садҳо биноҳои маишию хизматрасонӣ, маъмуриву ҷамъиятӣ, фарҳангию варзишӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангию сайёҳӣ қомат афрохта, роҳу пулҳо таъмиру таҷдид гардиданд.

Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор собиқадорон ва намояндагони фаъоли касбу кори гуногун бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин