Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ-СИЁСӢ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти ҶТ дар Паёмҳои худ нисбати экстремизм ва терроризм чунин ибрози ақида намудаанд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Аз ин бармеояд, ки таҳдидҳои нави муосир бештар ба кишварҳои тозаистиқлол ва рӯ ба инкишоф равона шуда ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи на он қадар дури таърихӣ нишон медиҳад, ки баъзе созмонҳои экстремистии динӣ ва сиёсӣ дар доираи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ фаъолият менамоянд. Имрӯз минтақаи Осиёи Миёна низ дар радифи таваҷҷуҳи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва созмонҳои байналхалқии молиявӣ қарор гирифтааст. Махсусан дар солҳои 90-уми асри гузашта ин минтақа ҳамчун майдони бархӯрди манфиатҳои геополитикии қувваҳои гуногун табдил ёфт.

Бояд қайд намуд, ки қувваҳои ифротию экстремистӣ вақте ба ҷомеаҳои муосир ворид мегарданд, онҳо проблемаҳои муосири иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳамчун васила барои ноором намудани вазъи ҷомеа истифода мебаранд. Масалан, онон проблемаҳои аввалини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки сатҳи пасти зиндагии мардум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини ҳаёти иҷтимоӣ, норасоии об ва замин, хусусиятҳои хоси қавмию этникӣ дар идораи сохторҳои давлатӣ, сатҳи пасти ниҳодҳои иҷтимоӣ ва надоштани ҳуқуқи даромадан ба давлат ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, озодии виҷдон ва ғайраро ҳамчун василаи ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд.

Ҳамзамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ баъзе проблемаҳои минтақавӣ вуҷуд доранд, ки он ба ҳамгироии кишварҳои осиёмарказӣ сахт вобастагӣ доранд. Аз ҷумла онҳо проблемаҳои калидии минтақавӣ ба шумор мераванд, чунончи:

- муҳофизати сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки дар асл сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ низ ба шумор меравад;

- муҳофизати минтақа аз хатарҳои идеологияи ифротгароӣ ва террористӣ;

- ҳалли проблемаҳои тақсимоти дурусти захирахои об;

- пешгирии аз ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба вижа интиқоли он аз Афғонистони зери тобеъи “Толибон”;

- баҳсҳои сарҳадӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон;

- хатари фаъол гардидани ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вобаста ба маҳв шудани ДОИШ, фаъолияти физикӣ ва иттилоотии ТЭТ ҳизби наҳзат, ТЭТ “Гурӯҳи 24” ва ТЭТ “Паймони миллӣ” дар ҷомеаи имрӯз ва амалиётҳои ғайрианъанавии он.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ ба вижа дар Тоҷикистон паҳн гардидааст, ин зуҳури экстремизми динӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки ба назари мо ин раванд сабабҳои субъективӣ ва объективӣ дорад. Аз сабабҳои объективӣ метавон бад гардидани вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҷинояткорӣ ва ғайраро донист.

Бино ба нуқтаи назари муҳаққиқон экстремизми замони муосир бештар ба дин алоқамандӣ дорад. Чунки дастандаркорони гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ хуб медонанд, ки дин як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, омили динӣ дар ҷомеаҳои муосир ба вижа дар ҷомеаҳои осиёимиёнагӣ нақши калидӣ дорад.

Бояд гуфт, ки экстремизм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва чунин фаъолиятҳоро дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ иҷро намояд:

- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати бесарусомониҳо дар ҷомеа;

- тақвият додани буҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум ва фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда бо ба иҷро расондани террорҳо, таркишҳо, гаравгонгириҳо ва ғайра;

- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Яке аз хусусиятҳои гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз он иборат аст, ки он дар асоси миллатҳои алоҳида ташкил гардидааст, яъне вай хусусияти миллӣ дорад ба монанди гурӯҳҳои экстремистии аврупоӣ, лотини-америкоӣ, осиёгии ари ХХ.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, солҳои охир ТЭТ ҳизби наҳсат бо чеҳраи нав ва бо номи нав, яъне ТЭТ “Паймони зиддимиллӣ” бештар ба туҳмату буҳтон даст зада, ҷанги иттилоотиро пешаи кории худ намудаанд, ки ин ҳам ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида метавонад. Аз ин рӯ, барои таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зиёде гирифтааст. Махсусан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин