Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ҲИФЗИ ҶАВОНОН АЗ СОЗМОНУ ҲАРАКАТҲОИ РАДИКАЛӢ

 

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошуравӣ аз ҷумла ба ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Радикализм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузорад. Радикализм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ чунин фаъолиятҳоро иҷро менамояд:

- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати масъалаҳои (проблемаҳои) дар ҷомеа;

- тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум ва фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда;

- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Тоҷикистон нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Паҳн гардидани ақидаҳои радикализм дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии қувваҳои радикалӣ ин ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд ҷавононро бо ақидаҳои худ мусаллаҳ намоянд. Бояд қайд намуд, ки дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳо андешида шуда истодаанд. Барои барҳам додан ва манъ намудани рушди радикализм дар миёни ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шудааст.

Роҳҳои воридшавии радикализм дар миёни ҷавонон гуногун аст. Ба монанди таҳсил дар хориҷа, бо воситаи сомонаву шабакаҳои интернетӣ, расонаҳои ахбори омма ва ғайра. Дар миёни ҷавонон намояндагони дигари ақидаҳои радикалӣ дошта мавҷуданд, ки сирф ба сиёсат дахл карда арзишҳои исломиро ҳамчун василаи ақидаҳои худ истифода мебаранд. Бино ба ақидаи мутахассисон, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои зиёдест (ТЭТ наҳзат, Гурӯҳи 24), ки аз номи ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо амаликунандаи он барномаҳои геополитики қувваҳои муайяне ҳастанд, ки барои ноором намудани амнияти минтақа равона шудаанд ва ҳадафҳои муайяни геостратегӣ доранд. Пойгоҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук баёнгари он аст, ки намояндаҳои ҳаракатҳои ғайрирасмии динӣ ин пойгоҳро ҳамчун минбари паҳнкунандаи ақидаҳои худ ҳисоб менамоянд.

Ҳамин тариқ, назарсанҷон ва таҳлилгарон дохил гардидани ақидаҳои радикалистиро дар миёни ҷавонон аз чанд омил медонанд, аз он ҷумла омилҳои демографӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра. Сиёсати давлатии ҷавонон ин фаъолияти давлатӣ буда, барои фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоии ҷавонони мамлакат сафарбар карда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар асоси барномаҳои давлатӣ бояд рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободкорӣ дар ҷавонон боло бурда шавад. Ватандӯстӣ пайвандгари асосии якдилӣ ва муттаҳидии ҷавонон дар ҷомеаи мо ба шумор меравад, ки бар зидди ҳар гунна падидаҳои шовинистии миллатгароӣ, радикалӣ, экстремистӣ нигаронда шудааст. Ватандӯстӣ, ки яке мафҳумҳои ахлоқӣ ба шумор меравад, дар ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва рафтори фард инъикос меёбад. Ин падида дар фаъолияти шахс зоҳир гардида ба таври дақиқ муҳаббат ба Ватани азизро ифода мекунад ва рафта–рафта ба як худшиносии умумиватанӣ оварда мерасонад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо бояд заминаҳои хуб дар кишвар муҳайё кунем, ки ҷавонон тавонанд шахсияти худро дарёбанд, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва диниро дарк намоянд ва тамоми қувваи худро баҳри ободӣ ва рушди Ватан сафарбар созанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин