Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ПОЯИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

 

Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд.

Чи хеле, ки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад».

Аммо, раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат мекашид.

Хиради азалии халқи тоҷик, арҷгузории манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ иқдомҳои оқилонаи Сарвари навинтихоби давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фаноёбии давлати миллиро гирифт.

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии худ, сарвари нав интихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркӯши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад.

Бо назардошти рушди иқтисодӣ-сиёсии мамлакат ва ҳамкориҳои назарраси байналмилалӣ дар сиёсати хориҷӣ шурӯъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон гардид, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст.

Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тули солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳияти худ сулҳҷӯёна, башардӯстона буда, дар якҷоягӣ бо дигар самтҳои сиёсати давлат барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардумва таъмини амнияти кишвар роҳандозӣ мегардад.

Асосу пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътирофи мутақобилаи манфиатҳо бо таваҷҷуҳ ба авлавияти манфиатҳои миллӣ, талош дар барқарории сулҳу амният, шаффофиятдар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ва равобиту ҳамгироии густурда бо тамоми кишварҳои сулҳдӯст, бартарии ҳуқуқи байналмилалӣ, эҷоду тавсеаи равобити хориҷии дуҷониба ва чандҷониба мебошад.

Тоҷикистон – дар пояи ҳуқуқи эътирофшудаи байналмилалӣ – сиёсати хориҷии худро бар асоси усулҳои баробарии кишварҳо ва эҳтироми соҳибистиқлолии онҳо, истифода накардан аз зӯрӣ, дахолатнопазирии марзҳо, ҳаллу фасли мусолиҳатомези ихтилофҳо, дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳои дигар ба роҳ меандозад.

Дар даврони истиқлолият яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбари ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ба василаи тарғиби арзишҳои воло, асолат ва маърифати исломӣ, доир намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ доир ба мероси мутафаккирони Аҷам- Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам Тоҷикистон тавонист асолати аслии исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони ислом мавқеи сазовор ва арзишмандеро дастёб гардад.

Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё президентҳо ва сарварони Русия, Чин, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Австрия, Полша, Япония ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии СММ Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гуттериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи рузафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Ҳамаи ин дастовардҳо самараи истиқлолияти давлатист, ва чи хеле, ки Сарвари давлат Президенти мӯҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд». Истиқлолияти давлатии ватани азиз фархунда бод!

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин