Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АҲАМИЯТ ВА МОҲИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ БЕШАРАФОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

 

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Аз ин бармеояд, ки таҳдидҳои нави муосир бештар ба кишварҳои тозаистиқлол ва рӯ ба инкишоф равона шуда ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин ҷаҳонишавӣ, ки яке аз равандҳои муосири ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад дар асоси он ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал омадааст, ки онҳо аз доираи давлатҳои алоҳида берун баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва суст гардидани мақоми арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва миллӣ мерасонад. Аз ин рӯ, барои давлатҳо, ки дар маҷмӯъ гирдоваранда (муттаҳидкунандаи) арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд, зарурият пеш омада, ки барои пойдорӣ ва бақои худ сайъу талош кунанд, то дар вазъи ҳалокатбори ин раванди ҷаҳонӣ намонанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ ин падидаҳои номатлубро маҳкум намуда, ба созмонҳои байналмилалии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм шомил гардид. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ андешида дар низоми қонунгузорӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қарору қонунҳои махсус қабул намудааст.

Бояд қайд намуд, ки қувваҳои ифротию экстремистӣ вақте ба ҷомеаҳои муосир ворид мегарданд, онҳо проблемаҳои муосири иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳамчун васила барои ноором намудани вазъи ҷомеа истифода мебаранд. Масалан, онон проблемаҳои аввалини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки сатҳи пасти зиндагии мардум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини ҳаёти иҷтимоӣ, норасоии об ва замин, хусусиятҳои хоси қавмию этникӣ дар идораи сохторҳои давлатӣ, сатҳи пасти ниҳодҳои иҷтимоӣ ва надоштани ҳуқуқи даромадан ба давлат ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, озодии виҷдон ва ғайраро ҳамчун василаи ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд.

Ҳамзамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ баъзе проблемаҳои минтақавӣ вуҷуд доранд, ки он ба ҳамгироии кишварҳои осиёмиёнагӣ сахт вобастагӣ доранд. Аз ҷумла онҳо проблемаҳои калидии минтақавӣ ба шумор мераванд, чунончи:

- муҳофизати сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки дар асл сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ низ ба шумор меравад;

- муҳофизати минтақа аз хатарҳои ифротгароӣ;

- ҳалли проблемаҳои тақсимоти дурусти захирахои об;

- пешгирии аз ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба вижа интиқоли он аз Афғонистон;

- баҳсҳои сарҳадӣ дар байни ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ;

- хатари фаъол гардидани ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вобаста ба маҳв шудани ДОИШ , кушода шудани чеҳраи ҳақиқии ТЭТ ҳизби наҳзат ҳамчун ҳизби террористӣ ва амалиётҳои ғайрианъанавии он, паҳн шудани шиагароӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ;

Бояд гуфт, ки экстремизм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва чунин фаъолиятҳоро дар равандҳои сиёсӣ иҷтимоӣ иҷро намояд:

- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати бесарусомониҳо дар ҷомеа;

- тақвият додани буҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум ва фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда бо ба иҷро расондани террорҳо, таркишҳо, гаравгонгириҳо ва ғайра;

- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Дигар ин ки экстремизм ва терроризми замони муосир бо чанд хусусияти дигар аз ҳам фарқ мекунад:

1. Бино ба гуфтаи муҳаққиқон экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ имрӯз барои ҷалб намудан дар сафҳои худ ба масъалаи миллӣ чандон аҳамият намедиҳад, масалан созмонҳои экстремистии “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” дар сафҳои худ намояндагони миллатҳои гуногунро шомил намудаанд ва намояндагии худро дар чанд кишвар доранд.

2. Созмонҳои муосири террористӣ хусусияти начандон хусусӣ-соҳибият доранд, ки аксари амалҳои террористии анҷомгардидаро ба зиммаи худ намегиранд.

3. Созмонҳои террористиии замони муосир шакли номуайяни фаъолият доранд. Масалан амалҳои террористие, ки дар чанд соли охир ба вуқӯъ пайвастаанд дар худ шакли номуайян доранд ва дар худ ягон талаби сиёсиро тақозо наменамоянд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, солҳои охир ТЭТ наҳзат, Гурӯҳи 24 ва ё ТЭТ Паймони миллӣ ва нафарони ноошное дар давлатҳои хориҷӣ бештар ба туҳмату буҳтон даст зада, ҷанги иттилоотиро пешаи кории худ намудаанд, ки ин ҳам ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида метавонад. Аз ин рӯ, барои таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зиёде гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бо як қатор созмонҳои минтақавӣ узв буда, барои ҳифзи амнияти минтақа саҳми беандоза дорад, ба монанди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва сохтори минтқавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ).

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин