Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДАР ҒАФЛАТ НАБОШЕМ

 

 

Дар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон моро бори дигар водор сохт, ки ба таъриху гузаштаи начандон дури кишвар, имрӯзи он ва «ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ» ба дидаи ибрат бештар бингарем. Инчунин, ба қадри Ватани азизамон, сарзамини аҷдодиамон, сулҳу осоиштагӣ, неъматҳои мавҷуда бирасем.
Воқеан, вазъи зиндагии инсон дар сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкилтару мураккабтар мегардад. Тағйири иқлим ва низоъҳо дар кишварҳои гуногуни дунё ҳар фарди солимандешро бетараф гузошта наметавонад. Бар замми ин, як миллиону чорсад ҳазор кӯдак аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар ранҷу азобанд ва ин боиси ба ҳалокат расидани онҳо мешавад. Албатта, дили ҳар нафар ба як миллиард  кӯдаке, ки дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар мебарад ва ба ин сабаб ҳар сол 22 ҳазор нафари он мефавтад, месӯзад ва мехоҳад пайи рафъи ин мушкилот то ҳадди тавоноӣ тадбире биандешад. Дар чунин вазъу ҳолат чун ба кӯдакони кишварамон менигарем ва бо онҳо муқоиса мекунем, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сипосгузорӣ менамоем. Дар зимни он талош, саъю кӯшиш, худфидоиҳои ӯ дар хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ пеши назар меоянд. Миллату мардуми хушбахтем, ки Худованд чунин сарвари хирадманд, фозилу дурандешро дар лаҳзаҳои басо вазнини кишвар ато кард.
Мақсуд аз ин суханронии ӯ ҳушдоре ба мост, то ғафлат наварзем, бедор бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Андак ғафлат, беэътиборӣ, қадрношиносӣ, носипосӣ метавонад ҳама дастовардҳои моро аз байн бибарад.
Ҷанги Сурия барои ҳамаи давлатҳову миллатҳои дигар сабақ аст. Ҷанг дар ҳама давру замон қурбонӣ дошт, харобӣ дошт, аммо дар замони навин даҳшати он ба маротиб бештар мебошад. Ҳатто тасаввури ин ҳақиқат басо душвор менамояд, ки бар асари он 12 ҳазор нафар кӯдак ҳалок шудаву шумораи муҳоҷирон ба 7 миллиону 600 ҳазор расидааст.
Бахти баланди мост, ки дар кишвари боамну осоишта зиндагиву фаъолият дорем. Фарзандонамон дур аз даҳшатҳои ҷанг қарор доранду ба воя мерасанд. Имкони зиндагии шоиста ва таҳсил фароҳам гардидааст. Ҳаёти хушу хуррамонаи онҳо, бешак, ба беҳбудии зиндагии мо иртибот мегирад.
Бахти баланди мост, ки Пешвои муаззами мо пайваста бо таҳлилу тавзеҳи ҷаҳони мураккабу пуртазод аҳли кишвари маҳбубро ба сӯи ояндаи дурахшон бо дарки масъулияти бузург ҳидоят мекунад.
Воқеан, инсоният чун ба гирдоби нафсу манфиатҷӯӣ гирифтор мешаваду «худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд», Сарвари давлати мо бар асари ин ҳама ранҷ мекашад ва аз оқибату таъсири он моро огоҳ месозад. Ин танҳо як огоҳсозии маъмулӣ нест, балки таъкидест, ки бо иттиҳоду сарҷамъӣ, шинохти рисолати инсонӣ на танҳо ба қадри Истиқлолияти давлатӣ бирасем, балки ҳамзамон онро бо ҳамаи дастовардҳояш ҳифз бинамоем. Инчунин, дар замоне, ки дунё ба сурати кайҳонӣ пеш меравад, бояд қафо намонем. Ва ҳам омилҳои ҷаҳонишавиро, ки хавфу хатарҳои зиёд дар пай дорад, нодида нагирем ва тадбирҳои дурусту саривақтӣ биандешем.
Сарвари давлат, инчунин, таъкид мекунад, ки барои ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, бехатарии ваҳдати миллӣ саъю талош бинамоем. Ин ҳама ба ҳастӣ ва ояндаи дурахшони миллат иртибот мегирад, аз ин рӯ, чун беҳтарин дастуру раҳнамо пазируфта мешавад. 
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА, 
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 
ба номи С. Улуғзода 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин