Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

СУЛҲОФАРӢ. САБАҚЕ, КИ ҶАҲОНИЁН ТАЛОШИ ОМӮХТАН ДОРАНД

 

 

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут миллати тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо замони амалисозии ормонҳои ҳазорсола фаро расид. Вале, сад афсӯс. Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва зархаридони душманони миллати тоҷик ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини аҷдодӣ ба фурӯхтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарону чок кардани чодари исмати модарону хоҳарони худ пардохтанд ва бадтар аз ин, тамоми аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини ислом омезиш доданд ва аз ангезаҳои динии мардум ба манфиати шахсиву сиёсии хеш ва хоҷагони хориҷии худ истифода намуданд. 
Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки халқи тоҷик ба ду қисмати нобаробар ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба минтақаҳо, шаҳрҳо ва ҳатто маҳалу кӯчаҳо байни ифротиёни аз ақл дур тақсим шуда буд, муттаҳид намудани халқи парешонгашта дар ҷои аввал меистод ва масъалаи ҳастиву нестии давлати тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Шояд зиёд буданд хайрхоҳони миллату давлати тоҷикон, вале ҷуръат ва тавоноии ба арсаи сиёсату давлатдории давлати фалаҷгаштаи ҷавонро надоштанд. Дар чунин шароит мардум ба ояндаи давлат бовар надошт ва гӯё мунтазири муъҷиза буданд, то онҳоро аз вартаи нобудӣ раҳонад. Хушбахтона, ба бахти мо, тоҷикон, бо инояти Яздон ва аз эъҷози офаридаи модари тоҷик абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам овард ва аз ҳама муҳим айбҷӯӣ накарда, ҳамаро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшид ва аз онҳо умеди некӣ дар қалби чун рӯдҳои софу зулоли кӯҳистони хеш  парвариш дод, аммо иддае аз ин тоифаи намакношиносу хиёнатпеша дар аввалин фурсат ба ҷои бовариву вафо хиёнату номардиро ба Пешвои хеш ва мардуми худ раво дида, хостори боз аз нав ба ҷаҳолату гирдоби хун кашидани миллати тоҷик гаштанд, ки аъмоли ношоиставу ноҷавонмардона ва рафтори ношоистаи эшон порчаи назмиеро ба хотир меорад, ки гӯё шоир маҳз барои чунин афроди қадрношинос таълиф намудааст:
Сад ҷон биканӣ, аз раҳи бад мор нагардад. 
Чун ахтари бахт ахтари думдор нагардад.
Сад ҷӯй агар канда ба уммед барӣ об,
Як зарра мулоим дили кӯҳсор нагардад.
Бо вуҷуди ҳама хиёнату аҳдшиканӣ ва найрангу макри рақибони миллати куҳанбунёди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки тамоми масъулияти давлатдориву ватанхоҳӣ бо баҳои ҷон, бо заҳмати фаровон, вале дар муддати кӯтоҳ ба ҳамаи ин парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, ҷои он сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои миллати мо мактаби омӯзиши кулли башар қарор дорад ва тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгароист.
Гадомад ЗУЛФИЕВ,
декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин