Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН.

 

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 24 майи соли 2018 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон доир гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ташкилоту муаасисаҳо, хонандагони муаасисаҳои таълимӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Зимни намоиш баръало намоён буд, ки мардуми кӯҳистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар воқеъ мардуми ҳунарманд буда, баҳри эҳёи ҳунаҳои аҷдодӣ тамоми имкониятҳоро истифода бурдаанд. Махсусан чакандӯзиву гулдузии ин диёр аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ дорад. Зеро   шакли ҷоба ҷо намудани гул ва тарзи духти онҳо аз дигар гулдузиву чакандузиҳо мустаҳкамтар мебошанд. Дар воқеъ ин рӯз маркази ноҳия симои идонаро ба худ касб намуда буд, зеро дар он пиру барно, наврасону ҷавонон ва занону бонувони диёр ба як дилгармӣ ба ин чорабинӣ ташриф овардаву маҳсули дасти худро ба марази тамошо гузоштанд.

Баъди тамошои ҳунарҳои мардумӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон Ҳабибулло ба сухан баромада кули ҷавонони ноҳияро ба ин рӯзи идашон табрику шодбош намуд. Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан зери сиёсати хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ояндасози миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.

Қайд карда шуд, ки дар ноҳияи дурдасту куҳистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ баҳри дастгирии насли ҷавон қадамҳои устувор гузошта шуда истодаанд. Ҳамин аст, ки зимни сафари кори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2017 ба ноҳия дар қатори ба фаъолият оғоз намудани як чанд иншоотҳои муҳим дар ноҳия, санги асос барои сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия гузошта шуд, ки онро метавон ғамхории ҷавонпарваронаи Пешвои миллат номид. Ҳамчунин дар баробари сохтмони варзишгоҳи мазкур рӯзҳои наздик сохтмони толори болопушидаи варзишӣ шуруъ гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон ба истифода дода мешавад. Мақмомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати рушд додани ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия дар 20 деҳа барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ замин ҷудо гардида, сохтмони баъзе аз онҳо шуруъ гардидаанд.

Иштироки наврасону ҷавонони ноҳия дар озмун ва мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сол аз сол хубтару беҳтар мегардад. Хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳия дар олимпиадаи даври ҷумҳуриявии мактаббачагон бо гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Дар озмуни вилоятии мактаббачагон бошад, хонандагони ноҳия соҳиби 9 медал аз ҷумла 1 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ гардиданд, ки нисбати соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Дар мусобиқаҳои варзишӣ бошад наврасону ҷавонони ноҳия дар ҳамин давраи соли ҷори бо гирифтани 16 медал аз ҷумла 5 медали тилло, 4 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз тарафи раиси ноҳия ба ҷавонони фаъоли ноҳия, иштирокдорони фаъоли намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хонандагони болаёқат ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шуданд.

Суруду таронаҳои ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро ранги дигар доданд.

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин