Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДАСТИ «НАҲЗАТ» -РО ГИРИФТАН ДУШМАНИСТ

 

21-уми май дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъомади як гурӯҳ одамон ба сару садоҳои зиёд сабаб шуд.

Ба фикри банда баъди  нооромиҳои солҳои 1992 ҳеҷ кас намехоҳад, ки Ватани азизи мо Тоҷикистон дубора  ноором шавад. Сабабҳои ноороми  ба ҳамагон маълум аст, ки сабабгори ин бадбахтиҳо Ҳизби террористии   наҳзат бо хоҷагони хориҷии худ буд. 

Имрӯз  Тоҷикистон шукри Худо ором ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон рӯз то рӯз обод мешавад, аммо душманони  миллати тоҷик монанди  аъзои хиёнаткори наҳзат мехоҳанд ин Ватани оромро боз ноором кунанд, бо ин васила ба хоҷагони худ хизмат кунанд, маблағҳои гирифтаашонро бо хуни миллати тоҷик иваз кунанд. 

Ба назди  сафорати Эрон  омадани онҳо ҳам бесабаб нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ташкил ёфтани ин ҳизби манфур ва хиёнаткор хизмати  муғризонаи дастандаркорони Эрони бараъло ба чашм мерасид. 

Имрӯз ин ҳизби террористӣ бе дастгирии Эрон ҳеҷ аст, Кабирӣ ва 3-4 нафаре, ки имрӯз ҳамчун хоини Ватан, ғарибу  муҳтоҷу беватан сарсону саргардонанд, бе Эрон ҳеҷанд, аммо бо дастгири ва маблағгузории Эрон худро дар паноҳи Ҳизбуллоҳ, ҳизби экстремистї  ва террористии Ихвонул-муслимин мебинанд.

Дар ин миён кас намедонад, ки ҳадафи Ҷумҳурии Исломии  Эрон чи ҳаст? Агар ҳадаф шиа кардани мардуми Тоҷикистон бошад, бо ин 3-4 мазҳабфурӯш  ҳеҷ кас пайрави шиа намешавад. Агар сохти кониститутсионии моро ба сохти "давлати исломӣ" тағйир додани бошад,  хато мекунад, зеро мардуми Тоҷикистон дину мазҳаби худро пок  нигоҳ медорад, аз дин сӯистифода карда, дини  муқаддасро ба сиёсат ҳамроҳ намекунад, роҳи давлатдории Тоҷикистон имрӯз муайяншуда бо роҳи интихобкардаи халқ аст.

Доим Эрон бо Тоҷикистон дӯстии худро эълон мекунад. Агар дар ҳақиқат дӯсти Тоҷикистон бошад ва миллати тоҷикро эҳтиром кунад, бояд дасти гурӯҳи ҷинояткорро нагирад, хоинони Тоҷикистонро хоинони Эрон шуморад, аз маблағгузории онҳо даст кашад, Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ба Тоҷикистон супорад, то ки як гурӯҳи хурди наҳзати хиёнаткор ба сард шудани муносибати ду давлат ва ду халқи бузург сабаб нашавад. 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин