Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

САЛАФИЯИ ХАТАРБОР

 

Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ «салафия» мебошад, ки таҳдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад.

Имрӯз ҷараёни «салафия» ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарӣ, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия менамоянд. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористй, аз тарафи гурӯҳҳои ба ном салафия кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, давлат ва ҳукумати кишвар амалҳои зиёдеро пиёда намуда истодааст.

Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти ташкилотхои террористӣ ва экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тоиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони Таблиғот» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид.

Аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2009 сол ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин ҳама ва даҳҳо амалҳои дигари онҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон мегардид.

Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хурофотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёни тахрибкор, тундхӯ ва ситезаҷӯ гаштаанду мегарданд хатари азиме ба давлату миллати тоҷикон оварда, хиёнати бузургеро бе ягон дудилагӣ ба ҷо меоранд ва он ҳам бошад, ваҳшонияту даҳшати асримиёнагӣ, адовату носипосӣ ва ғайра аст, ки инкори ақли солим ва дастёбӣ аз дастовардҳои илму фан мебошад!

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва «Ансоруллоҳ» паёмадҳои бисёр ҷонсӯзу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад!

Маълум аст, ки салафия бо воизони бемазҳарашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон рӯи об оварда, ба он тақвият бахшиданианд. Мо ва махсусан ҷавонону наврасони тоҷик набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намоем ва ба ин васила амният ва суботи миллиро аз даст диҳем, зеро ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд асту танҳо истиклолияти миллӣ омили рушду нумӯ ва умеди фардои беҳтару боз хам шоистатарро мебахшад.

Ватаншоҳ Аҳмадов,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин