Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

РОҲБАРОНУ ПАЙРАВОНИ ТЭТ ҲНИТ-ХОИНОНИ МИЛЛАТ

 

Чанд муддат аст, аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пинҳонӣ дар кишварҳои хориҷа нақшаи бедодгариву бесарусониҳоро дар Тоҷикистон тарҳрезӣ карда, дар сомонаҳои бесомонашон мунтазам хабару гузоришҳои иғвогароёна нашр мекунанд. Ин нохалафон мехоҳанд бо навиштаҳои гумроҳкунандаи худ ба шуури мардум таъсири манфӣ расонида, андешаву омоли онҳоро ба сӯи ноамниву нобасомониҳо ва қатлу куштор равона созанд.

Бахусус агар аз сомонаҳои наҳзатиён дидан намоем, маълум мегардад, ки дар навиштори онҳо саропо туҳмату буҳтон ва андешаҳои авомфиребона ҷой дода шудааст. Агар инсони бехабар аз шайтонигариҳои ин разилони наҳзатӣ назараш ба ин сомонаҳо афтад, аллакай аз ихтилофоту низоъандозӣ ва гумроҳкунии наҳзатиёни террорист огаҳӣ пайдо хоҳад намуд.

Хусусан Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки танҳо ва танҳо аз террорист Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи худ ситоиш намуда, ҳамеша ӯро васф мекунад, рӯйрост мардумро ба сӯи гумроҳӣ мекашад. Худро коршиноси наҳзат унвон дода, танҳо ва танҳо кораш тавсифи наҳзатиён аст.

Аз аъмолу кирдор ва навиштаҳои наҳзатиҳо аён аст, ки онҳо бо супориши хоҷагони хориҷиашон дур аз Тоҷикистон ба лоиҳакашии оғози бедодгариҳо дар Тоҷикистон машғул буда, бори дигар мехоҳанд кишвари азизи моро ба бенизомиву ҷангу бедодгариҳо кашанд. Ин нохалафон на ба арзишҳои миллӣ ва на ба арзишҳои мазҳабӣ эҳтиром намегузоранд. Барои наҳзатиҳо, бахусус Сайидюнус ва Кабирӣ мазҳаб ҳеҷ арзише надорад, зеро онҳо аллакай бо супориши хоҷагонашон мазҳаби аҷдодиашонро ба мазҳаби хоҷагонашон иваз карда, кирдору рафтор ва ҳатто забонашонро низ имрӯзҳо мутобиқ ва шеваи гуфтори хоҷагонашон иваз карда истодаанд. Имрӯзҳо дар сомонааш Юнуси Истаравшанӣ ба таърифу тавсифи хоҷагонаш машғул буда, мехоҳад доимо дар зери таваҷҷуҳи онҳо бошад.

Аммо вақт нишон медиҳад, ки мардум зуд ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Тазоҳуротҳои чанд вақт қабли Эрон ва шиори «Мардум гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад…»далели ин гуфтаҳост.

Шарофиддин Фозилов,

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин