Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АМНИЯТ ВА ИТТИЛООТ БО ҲАМ ТАВЪАМАНД. ДАР ҲОШИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

 

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон  шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳибаланд  таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ба кори худоғоз мебахшад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупобаргузор мекунад. Дар ҳошияи ин Конфронси сатҳи баланд чанд ибтикороти байналмилалииТоҷикистон ва роҳу усулҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлубитерроризму экстремизмро мавриди ёдоварӣ қарор медиҳем.

Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда чолишҳои пайиҳам ва таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овард. Авзоъ дар кишварҳои ҷангзада собит месозад, ки ин амалҳо бо аҳдофи геосиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ омезиши ҳамсон дошта, чун вабое ва ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдиди амиқ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ибтикороти Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Аз ҷумла, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Назрулло Сангинов омодагии Тоҷикистонро дар баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар сатҳи зарурӣ ва некбинона арзёбӣ намуда, муътакид аст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки Стратегияи миллиимубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаиамал барои татбиқи онро қабул кардааст. Ин далел бори дигар шаҳодат аз онмедиҳад, ки мушкилоти мубориза бо ин омилҳои манфӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистонто чӣ андоза ҷиддӣ аст».

Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, дар баробари дигар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамагонӣ пайдо намудаанд.

Бояд гуфт, ки нахустин  кӯшишҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ифротиву ғаразноки ҷонибҳои манфиатхоҳ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буданд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори ҷавону дурандеш ва сиёсати санҷидаву бобарори он тавонист, сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятро дар мамлакат таъмин намояд ва зуҳуроти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористиро дар кишвар решакан намояд.

Тавре дар маълумотномаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ин саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон бо ин кишвар марзи тӯлонитар дорад ва дар ин шароит таъмини амният дар минтақа кӯшишҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад. Бояд ба авзоъ ва чолишҳои минтақа воқеъбинона назар афканд, то ки барои хушҳолии ояндаи насли инсон аз аҳдофи ғаразноку манфиатхоҳона ва ҳатто мазҳабию динӣ гузашт кард. Борҳо коршиносони арсаи миллию байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки дар мубориза бо терроризму экстремизм набояд аз сиёсати дугона истифода кард, зеро бо ин вабои аср танҳо бо муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак метавон мубориза бурд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 20 январи соли 2016 таъкид намуданд, ки «истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле  амиқ мегузоранд. Ҳатто  расонаҳои иттилоърасон ба майдони  мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт. Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад. Ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ба майдонҳо хондани   анбӯҳи одамон сурат гирифтаанд. Тибқи арзёбиҳо, аз ҷумла, сарнагун сохтани ҳукумати Муборак дар Миср бо даъватҳои ба майдонҳову хиёбонҳо баромадани одамон тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сурат гирифта буд ва ин гуна мисолҳоро метавон дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушоҳида намуд. Биноан, коршиносон муътакид бар онанд, ки имрӯз бидуни таъмини амнияти иттилоотӣ наметавон амнияти миллиро комилан таъмин намуд. Ин нукта бори дигар дар ҷраёни суҳбати гирди  мизи мудаввар, ки 26 апрел бо ташаббуси АМИТ «Ховар» дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» доир шуд, таъкид гардид. Кошиносони соҳа дар ин чорабинӣ зикрнамуданд, ки мебояд дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда  посухҳои муносиб дод, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвардар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии  амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист. Гуфта шуд, ки набояд дар муқобилиҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр кард ва хомӯш буд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳоимиллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад, пас ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

Бояд гуфт, ки муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ  ин аст, ки бояд ВАО моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар  сатҳи баланди касбият, ба таври  муҷаз ва саривақту фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва  дар ташаккули афкори мусбӣ ва дуруст дар ҷомеа саҳми муносиб гузоранд.  Дар ин сурат  шиддати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ  дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ва ҷонибҳои манфиатхоҳ метавонад камтар гардад. Чунки  табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимод ва боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ моҳиятан эътимод ва бовариро ба мақомот ва ҳукумат бештар месозад.

Воқеан, ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки баробари пахш метавонад иттиҳодро барпо созад ё онро пароканда кунад. Яъне ҳам созангда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти марбутаро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим  эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.

Бекназари АБӮБАКР

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин